logo

Хабарҳо

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

Субҳи 1 апрели соли равон маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм фазои идона дошта,  дар назди қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали  Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар  майдони қисми ҳарбӣ 351 даъватшаванда аз минтақаи Рашт, аз ҷумла аз ноҳияи Рашт - 122, Лахш - 64, Тоҷикобод - 53, Нуробод - 83 ва Сангвор 29 нафар  ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардид, ки дар натиҷа ноҳияҳои номбурда  маъракаи даъвати баҳориро дар як рӯз пурра анҷом доданд.
Комиcсари ҳарбии ноҳияи Рашт Мирзо Абдураҳмонзода зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки дар натиҷаи тарбияи дурусти ҷавонон ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон масъулият ҳис намуда, сари вақт ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баҳри ҳифзи Ватан дар рӯзи якуми даъват бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Онҳо дар қисмҳои низомии мамлакат ба хотири ҳимояи марзу буми ватани аҷдодиамон хизмат мекунанд.
Дар чорабинӣ ба 62 наваскар, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа»- ро хатм намуда буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуданд.
Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, аз ҷумла иброз дошт: “Ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихӣ, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он зарур аст. Манфиат, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо мафҳуми Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд.   Аз ин рӯ, таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад ва мо - падару модарон вазифадорем, ки дар таъмини амнияти Ватани маҳбубамон саҳми худро гузорем. Зеро осоиштагии мардум маҳз аз натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бармеояд”.
Дар анҷом сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ намоиши машқҳои ҳарбиро ба роҳ монда, дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳангии ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирон намуданд.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 186
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед