logo

Хабарҳо

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

Лента ру. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров ба нашрияи ҳиндустонии Hindustan Times дар бораи нақшаи  барқарорсозии кори «формати Москва» оид ба Афғонистон иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи ӯ, формати мазкур, ки дар он ҳамаи кишварҳои калидии минтақа, ҳамсояҳои Афғонистон ва ИМА иштирок менамоянд, раванди  оштии миллиро дар ин кишвар ба танзим  хоҳад овард.
Чанде пеш иттилоъ доданд, ки СММ бо Ҳукумати Афғонистон ва намояндагони ҳаракати  иртиҷоии «Толибон» (мамнӯъ дар Россия) музокироти бисёрҷониба мегузаронад. Гуфтушунид чун пештара дар Давлати Қатар баргузор мешавад.
 
Ҷопон лоиҳаи қонун дар бораи боло бурдани синни нафақаро омода менамояд
ТАСС. Ҳукумати Ҷопон тасмим дорад, ки ба парлумон лоиҳаи қонун дар бораи синни ба нафақа баромадани хизматчиёни давлатиро пешниҳод намояд. Дар ин хусус сарвазир  Ёсихидэ Суга иттилоъ додааст.
- Бояд синни ба нафақа баромаданро боло бурд, то ки  камбуди мутахассисонро дар вазифаҳои роҳбарӣ  бартараф намоем, - изҳор дошт ӯ ҳангоми мубоҳисаҳо дар яке аз комиссияҳои  палатаи  поёнии парлумон. - Мо барои ҳарчи зудтар пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни марбута омодагӣ мегирем.
Пиршавӣ ва камшавии аҳолӣ яке аз масъалаҳои мубрами иҷтимоии Ҷопон мебошад. Тибқи омори расмии созмонҳои тандурустӣ, мардон қобилияти кории худро ба ҳисоби миёна то синни 71 ва занҳо бошанд, то 74-солагӣ ҳифз мекунанд.
Ҳукумат ҷопониҳои пиронсолро чун захираи муҳими меҳнатӣ меҳисобад.
 
Чораҳои пешгирӣ алайҳи ҳуҷуми малах дар Қазоқистон 
Каз ТАГ. Интизор меравад, ки соли равон малах ба масоҳати 640 ҳазор гектар замини Қазоқистон ҳуҷум оварад,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ.
- Дар мубориза бо малах аз буҷети ҷумҳуриявӣ тақрибан 2 миллиард танга ҷудо гардида, дар ҳаҷми зарурӣ пестидсидҳо харида шудааст ва он, ҳамчунин, ба хизматрасониҳои коркарди химиявии майдони пешгӯишуда  сарф мегардад. 
Соли  ҷорӣ барои ошкор намудани маҳали малахҳо тақрибан 38 миллион гектар замин зери таҳқиқоту назорат қарор мегирад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои марзӣ ба таҳқиқоти муштарак бо намояндагони Россия, Чин ва Ӯзбекистон омодагирӣ мешавад. Айни замон дар минтақаҳои ҷанубии мамлакат корҳои тадқиқотӣ оғоз шудаанд,- таъкид кардааст Вазорати кишоварзӣ.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 171
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед