logo

Хабарҳо

ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

 
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар мавсими даъвати баҳорӣ низ нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  дар як рӯз иҷро намуд. Дар ин бора аз маркази матбуотии   мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилоят хабар доданд.
Баҳри гусели ботантанаи  ҷавонон ба қисмҳои низомии кишвар  дар майдони Парчами давлатии шаҳри Хоруғ ҳазорон нафар сокинони вилоят ҷамъ омаданд.
Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳозирон ва кулли мардуми шарафманди вилоятро ба муносибати сарбаландона иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ муборакбод карда, ба сохторҳои  марбутаи давлатӣ – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар ниҳодҳои қудратӣ ихтиёр намуданд, изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки пеш аз муҳлат иҷро гардидани сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дастовези шоистаи мардуми шарифи Бадахшон ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки ягон давлат бе неруи низомӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, артиш бақои давлат аст. Маҳз барои таъмини сулҳу оромӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар яке аз фармонҳои аввалини роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили Қувваҳои  Мусаллаҳ иртибот дошт. Бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олӣ дар 29 соли соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣ  ба  неруи тавоно табдил  ёфт  ва  фазои  сулҳу  оромиро дар кишвар таъмин намуда, марзу буми Ватанро содиқона  муҳофизат мекунад. 
Тавре раиси  вилоят иброз дошт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавсими чорум аст, ки  аввалин шуда нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввали даъват бо сарбаландӣ иҷро мекунад. 
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 188
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед