logo

иқтисод

ИҚТИСОД. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ОЯНДАСОЗ АСТ

Аз рӯи тадқиқоти табиатшиносон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, алалхусус марғзорҳо, ҷангалҳо, дараву пуштакӯҳҳои  водиҳои баландкӯҳи Вахё, Ванҷи Боло, Язгулом,  қисман Бартанг, Ғунду Шохдара барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ шароит ва имкониятҳои хуб доранд, вале бо вуҷуди рушди чашмраси ин соҳа дар вилоят ҳоло ҳам ҳамаи захира ва имкониятҳо ба таври  пурра истифода намегарданд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ба ақидаи роҳбари минтақаи илмӣ - таҷрибавии саҳроии Дашти Роғаки ноҳияи Дарвози Институти биологии Помири Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршоҳ Маҳрамов дар иҷрои барномаҳо кормандони  ин сохтори масъул дар ҳамдастӣ бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахши хусусӣ  ва масъулони дигари  соҳа тадбирҳои натиҷабахш  андешида мешаванд. 
Тибқи иттилои мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Нурмуҳаммад Додов,    соли 1990 дар ноҳия ҳамагӣ 20 тонна асал истеҳсол шуд ва рушди  занбӯриасалпарварӣ дар роҳи инкишоф буд. Зарурати рушд додани ин самти камхарҷи афзалиятнок ба миён омад. Хушбахтона,  сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт дар баробари чорводорӣ ба самти  парвариши занбӯри асал низ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ин замина дар водии Вахё, ҳудуди деҳоти Сағирдашт, мавзеъҳои баҳри рушди соҳа мусоиди  соҳилҳои рӯди Хингоб то подомони ағбаи Хобу Рубот, деҳоти Нулванду Вишхарв ва Қалъаи Хумб низ ба рушди занбӯриасалпарварӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар сафарҳои кории  минбаъдаи ба ноҳияи Дарвоз анҷомдодаи худ  Роҳбари давлат   бори дигар диққати сокинони ин минтақаи пурфайзу баракати Бадахшонро дар баробари равнақи соҳаи  чорводорӣ, парандапарварӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва парвариши меваҳои субтропикӣ ба рушди занбӯриасалпарварӣ низ ҷалб намуданд. 
Дар асоси барномаи рушди занбӯриасалпарварӣ на танҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бахшҳои хусусӣ, балки  дар ҳамаи ҳудудҳои  деҳоти Қалъаи Хумб, Нулванд ва Вишхарв деҳнишинон ба ин соҳа нисбат ба солиёни пешин  зиёдтар сару кор гирифтаанд. Сардори идораи кишоварзии ноҳияи Дарвоз иброз доштанд, ки доманакӯҳҳои серҷангал ва сергулу гиёҳи мавзеъҳои Роғак, Пшогед, Бредун, Марғзори Ҷорф, дараҳои Висхарву Курговад ва Хужгу Лангари Марғ низ мисли водии Вахё барои рушди занбӯриасалпарварӣ хеле мусоид ва мувофиқ мебошанд. Дар ин мавзеъҳо  садҳо  нафар бо ин кори муфид даҳ сол аст, ки машғуланд ва натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ ҳам ба даст оварда истодаанд.
Сокинони деҳот миқдори оилаҳои занбӯри асалро аз 2600 то ба  4700  оила расонданд. Дар маҷмӯъ, занбӯриасалпарварони  ноҳияи Дарвоз соли гузашта  бештар аз  65 тонна маҳсулот истеҳсол карданд, ки  қариб 80 фоизи он ба деҳоти Сағирдашт рост меояд.
Маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаву ба даҳҳо дардҳо давобахшанда  дар зарфҳои зебои махсус бо навиштаҷоти «Асали Дарвоз» ба фурӯш бароварда мешавад. Боварист, ки баъди пурра  аз миён бардошта шудани  бемории коронавируси COVID - 19 мавсими сайёҳӣ низ оғоз хоҳад гардид. Он гоҳ  мутмаинем, ки   асали хуштаъми аз гулу гиёҳҳои кӯҳӣ истеҳсолшударо ҷаҳонгардони хориҷӣ  ва меҳмонони  бешумори ба диёри   Дарвоз ва чорсӯи дигари Бадахшони дилнавоз барои тамошову истироҳат омада, хеле зиёд мехаранд. Аз ҳама муҳим занбӯриасалпарварӣ ба мардуми кӯҳистон даромади хуб меорад.  Деҳнишинон, аллакай, хуб дарк кардаанд, ки аз  ҳисоби ин самти афзалиятноки камхарҷ дараҷаи  зиндагонии худро боз ҳам беҳтар мегардонанд ва сатҳи бекорӣ низ дар  ноҳияи Дарвоз коҳиш меёбад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 100
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед