logo

Хабарҳо

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ТАСС. СММ дар маҷмӯъ, вазифаҳояшро  оид ба танзими низоъҳо дар дунё муваффақона иҷро менамояд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Россия Сергй Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи покистонии The News International изҳор намуд.
«Чун 75 сол қабл, СММ дар олам ниҳоде мебошад, ки ҳалли масъалаҳои мубрамро бар дӯш мегирад ва Шӯрои амнияти он масъулияти асосиро ҷиҳати нигоҳдории сулҳи байналмилалӣ ва амният ба уҳда дорад,-гуфт ӯ. - Сарфи назар аз даъватҳои гуногун, СММ дар маҷмӯъ, вазифаҳои хешро оид ба танзими низоъҳо муваффақона ба иҷро мерасонад».
- Барои мисол, метавонам бештар аз даҳҳо амалиёти сулҳхоҳонаро, ки дар гӯшаҳои гуногуни рӯи Замин роҳандозӣ намудааст, ёдовар шавам. Ҳатто, дар пасманзари мушкилоти марбут ба пандемияи коронавирус, ходимони созмон сарбаландона аз уҳдаи иҷрои қарзи хеш мебароянд, - афзуд вазир.
                
 
Президенти Қазоқистон бо ваксинаи истеҳсоли худӣ эм шуд
Котиби матбуоти Президенти Қазоқистон Берик Уали дар  шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додааст, ки  Роҳбари давлат Қосим-Жомарт Токаев бо ваксинаи «Спутник V», ки дар корхонаи фарматсевтии Қарағанда истеҳсол гардидааст, эм шуд. 
Ба гуфтаи котиби матбуот, президент бовар дорад, ки танҳо бо роҳи воякӯбӣ  метавон ба масунияти дастаҷамъӣ даст ёфта,  бар коронавирус ғолиб омад ва ҳамаи маҳдудиятҳоро бардошта, зиндагии муқаррарии шаҳрвандонро барқарор намуд. 
- Сарвари давлат бори дигар аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки дар фурсати мусоид худро эм кунанд. Ин ягона роҳест, ки худ ва наздиконатонро аз сироятёбӣ  эмин медоред, - тавзеҳ дод котиби матбуот.
 
 
Арабистони Саудӣ қабули зоиронро зиёд мекунад
«Интерфакс». Ар-Риёз зоиронеро, ки аз коронавирус эм кардаанд, иҷозат медиҳад, то дар моҳи Рамазон аз ҷойҳои муқаддас дидан намоянд, - хабар медиҳад Вазорат оид ба корҳои ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ. 
Онҳое, ки мехоҳанд иҷозатнома бигиранд, бояд бо ду вояи ваксина эм шуда бошанд. 
Ашхосе, ки ният доранд ҳаҷҷи Умраро адо намоянд ё барои ибодат ва дидани ҷойҳои муқаддас  раванд, бояд ба қайд гирифта шаванд. 
Бино ба тасмими ҳукуматдорон, моҳи Рамазон бояд қабули зиёраткунандагон дар масҷиди Макка зиёд шавад. 
 
 
Дар олам теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус меафзояд
Лента ру. Соз-мони ҷаҳонии тандурустӣ  дар бораи афзоиши ҳолатҳои марговар  аз сирояти коронавирус хабар дод. Чунин маълумот дар бюллетени ҳарҳафтаинаи эпидемиологии ташкилот  баён мегардад.
Мувофиқи маълумоти СҶТ, ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон теъдоди ҳалокшудагон аз ин беморӣ 11 дарсад афзуда, ба 71 ҳазор нафар расид. Дар ҳамин ҳол созмон ҳафтаи шашум аст, ки зиёдшавии сироятшудагонро ба ин беморӣ ба қайд мегирад. Дар ҳафт рӯзи охир ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус 4 миллион нафарро ташкил дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 173
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед