logo

Хабарҳо

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

6 апрел тариқи видеоӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ-иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором хонум Армида Салсия Алишаҳбана  баргузор шуд.
Мусоҳибон атрофи масъалаҳои марбут ба коҳиши пайомадҳои иқтисодӣ - иҷтимоии ҳамагирии COVID – 19, ислоҳоти СММ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони кишвар дар иҷлосияи 77-уми комиссияи мазкур, ки 26 – 29 апрели соли равон дар шакли маҷозӣ доир мешавад,  табодули назар намуданд.  
Инчунин, ҷонибҳо, дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт ва иқтисодро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин росто, зикр гардид, ки барои дастгирии кишварҳои узв дар самти татбиқи  ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 фаъолгардонии механизми ҳамкориҳои комиссияҳои минтақавии СММ бо тими кишварии СММ тавассути ҷалби сармоя, аз ҷумла бахши хусусӣ, муҳим мебошад.
 
 
Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавсеа меёбанд
Дар доираи ҷаласаи  14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ   оид ба ҳамкории  тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон доир гардид.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ  муносибатҳои давлатҳо ба сатҳи сифатан нав баромада, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии се кишвар беш аз пеш густариш меёбанд. 
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, вазири кишоварзии  Тоҷикистон  Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Иван Крупко, раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Владимир Улахович, аъзои раёсати Палатаи савдо ва сармояи Афғонистон Хон Ҷон Алкозай доир ба таҳкими робитаҳои  мутақобила ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки ҷалби сармоя,  таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни  кишварҳо ба тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳо мусоидат менамояд. Аз ҷумла,  дар доираи ин ҳамкориҳо, дар шаҳри Ҳисор корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус оид ба истеҳсоли трактор таъсис ёфта, саноеи он ба Афғонистон содирот мегардад. Инчунин, дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон чор маркази тиҷорати наздисарҳадӣ ва шаш пул бунёд гардиданд. Ҳамзамон, дар ноҳияҳои наздимарзӣ бо  Афғонистон 4 Минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил шудааст.
 
 
Сайёҳони амрикоӣ ба Тоҷикистон меоянд
Интизор меравад, ки дар оянда 26 гурӯҳи сайёҳони амрикоӣ аз Тоҷикистон боздид намоянд. Сафари онҳо ба кишвар аз ҷониби ширкати амрикоии сайёҳии «MIR» ташкил мешавад. 
Ин матлаб дар вохӯрии видеоии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо раиси ширкати амрикоии сайёҳии «MIR» Даг Гримес, муовини раиси ширкат Эни Лукас,  директори иҷроияи Шӯрои соҳибкорони Амрико ва Тоҷикистон Елена Сон зикр гардид. 
Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, ки  Тоҷикистон, баробари ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ, табиати зебо ва барои сайру саёҳат имконияти фарох дошта, қаторкӯҳҳо, шаршараҳои мусаффо ва манзараҳои беназир ҷаҳонгардонро метавонанд бештар ба Тоҷикистон ҷалб  намоянд. 
Мавсуф таъкид намуд, ки  бо мақсади истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва рушди  инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастрасии электронии раводид тавассути низоми e-visa, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба ин бахш заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил ёфтанд. Ҳукумати мамлакат дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Дар мулоқот масъалаҳои мунтазам баргузор намудани вебинарҳои муштарак ҷиҳати тарғиби имконияти сайёҳӣ ва пешниҳоди иттилооти бештар оид ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, низоми дастрасии раводид, беҳтар намудани инфрасохтор ва логистика, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои иттилоотӣ (advertising company), таблиғи бештари низоми пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла Visa, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 195
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед