logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

- Соли оянда 30-юмин солгарди барпошавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Маҷористон таҷлил хоҳад шуд. Ба ин хотир, як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои илмӣ миёни ду кишвари дӯст баргузор мегарданд, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи мулоқот бо Петер Сийярто, вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон.
 
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳити зист, сайёҳӣ, илмию фарҳангӣ, варзиш ва тандурустӣ, бахусус  ҷиҳати муборизаи муштарак бо COVID-19-ро бо Маҷористон баланд арзёбӣ намуд. 
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон дар фазои дӯстӣ, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Дар мулоқот, ки муносибатҳои миёни  ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд, ҳамзамон, барномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар барои солҳои 2022 – 2024 имзо гардид. 
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафар вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто бо прокурори генералӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо ва муовини вазири энергетика ва захираҳои об вохӯрд,  дар рафти онҳо чанд санади дигар  ба имзо расид. 
Дар доираи сафари ҳайати дипломатии Маҷористон маросими кушодашавии дафтари консули фахрии Маҷористон дар Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷараёни музокироти сатҳи баланд тарафҳо зарурати густариши ҳамкориҳои минбаъдаро таъкид дошта, аз вазъи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 200
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед