logo

маориф

ТАҲСИЛ ДАР РОССИЯ. ДАРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БОЗ ШУД

Бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 31 марти соли 2021, таҳти № 814-р донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони факултетҳои омодагӣ аз кишварҳои Венесуэла, Олмон, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка метавонанд барои идомаи таҳсил ба ин кишвар баргарданд.
Барои ворид шудани донишҷӯёни хориҷӣ ба Россия як қатор қоидаҳо муайян карда шудаанд, ки иҷрои онҳо барои ҳар донишҷӯи ба ин кишвар сафаркунанда ҳатмист. Пеш аз вуруд ба Россия донишҷӯёни хориҷӣ бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи убури марз огоҳ намоянд. Пас аз фиристодани мактуб, ба ҳар донишҷӯ дар бораи иҷозати вуруд ба қаламрави Россия тавассути почтаи электронӣ маълумот фиристода мешавад. Донишҷӯ бояд на камтар аз 3 рӯзи тақвимӣ пеш аз вуруд ба Россия аз озмоиши COVID-19 (ПЦР) гузарад ва агар натиҷа манфӣ бошад, метавонад дар кишвари худ ҳуҷҷати дахлдорро бо забони русӣ ё англисӣ барои пешниҳод ба муассисаи дахлдори кишвари Россия гирад.
Инчунин, дар тӯли 72 соат пас аз вуруд ба қаламрави Россия, донишҷӯёни хориҷӣ бояд аз озмоиши дуввуми COVID-19 (ПЦР) гузаранд. То гирифтани натиҷаи санҷиш, онҳо бояд дар ҷои истиқомат дар ҳолати карантинӣ қарор дошта, реҷаи худмуҳофизатиро риоя намоянд. Дар ин давра омӯзиш ба таври фосилавӣ сурат мегирад. Ба донишҷӯёни хориҷӣ иҷозат дода нашудааст, ки бидуни санҷиши дуюм дар шуъбаи рӯзона таҳсил намоянд.
Агар дар давраи карантин дар манзили истиқоматии худ донишҷӯёни хориҷӣ аввалин нишонаҳои бемории шадиди роҳи нафас (таб, дарди гулу, бинӣ ва сулфа) - ро пайдо кунанд, бояд фавран дар ин бора донишгоҳро огоҳ намоянд ва ба духтур муроҷиат намоянд.
Дастурамали пай дар пай дар бораи он, ки донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо, шунавандагони факултетҳои омодагӣ пеш аз вуруд ба Россия ва дар ҳафтаҳои аввали баъд аз он чӣ кор бояд кунанд, ба онҳо тавассути почтаи электронӣ фиристода шуда, ҳамзамон,  дар сомонаҳои донишгоҳҳо ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир мешаванд. Ҳамчунин, Вазорати илм ва таҳсилоти олии Россия дархост намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд барои маълумоти бештар ва дарёфт намудани посух ба саволи иловагӣ ба вазорати тавассути телефони +7 (495) 198-00-00 ё почтаи электронии scminobr@mail.ru муроҷиат намоянд.
Инчунин, ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни тоҷик, ки қаблан барои идома додани таҳсил дар Федератсияи Россия тавассути суроғаи электронии mbb@edu-cip.tj худро ба қайд гирифта буданд, расонда мешавад, ки ҷиҳати тибқи талаботи муайяннамудаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз нав ба қайд гирифтан ба суроғаи электронии мазкур муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути телефонҳои 223-23-59, 227-65-60, 221-30-33 ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. 
 
Эҳсон САФАРЗОДА, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2021    №: 71    Мутолиа карданд: 195
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед