logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

Даври дуюм бо кадом натиҷаҳо хотима ёфтанд?
Бозии марказии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ байни тимҳои «Хатлон» ва «Хуҷанд» мусовӣ (1:1) ба анҷом расид,- хабар доданд аз Лигаи футболи кишвар.
Дар вохӯрии дигар «Эсхата» дар меҳмонӣ бар КМВА бо ҳисоби 3:1 пирӯз омад.
Натиҷаи бозиҳои боқимонда:
«Равшан» – «Файзканд» – 0:0
«Кӯктош» – «Истаравшан» – 1:0
Дар даври сеюм «Истаравшан» бо «Истиқлол», «Файзканд» бо «Кӯктош» (16 апрел), «Хуҷанд» бо КМВА, «Душанбе» бо «Хатлон» (17 апрел) ва «Эсхата» бо «Равшан» (18 апрел) рақобат мекунанд.
 
 
ҶИУ-ҶИТСУ
5 медали варзишгарони тоҷикистонӣ аз Чемпионати ҷаҳон
Дар Чемпионати ҷаҳон байни академия ва клубҳои варзишии риштаи ҷиу-ҷитсу (Абу-Даби, АМА) аз 7 варзишгари тоҷикистонӣ панҷтояш сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бино ба иттилои Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, зинаи аввалро Билол Маҳмадализода гирифт, мақоми дуюм насиби Хушвахт Раҳмихудоев гашт ва мақомҳои сеюмро Комил Боймуродов, Қосимҷон Сӯфиев ва Фараҳзод Сулаймонов ба даст оварданд. 
ДЗЮДО
Дурахши гӯштигирони тоҷик дар Чемпионати Осиё – Уқёнус
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Asia-Oceania Senior Championships (Бишкек, Қирғизистон) соҳиби се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) гардиданд.  
Бар пояи маълумоти Федератсияи дзюдои кишвар,  медали нуқраро Сомон Маҳмадбеков, медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов ба даст оварданд. 
 
 
ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО
Рақиби сеюми "Истиқлол" маълум шуд
Тими АГМК (Ӯзбекистон) баъд аз пирӯзӣ дар даври плей-офф бар дастаи «Ал-Ғарафа» (Қатар) бо ҳисоби 1:0 бошгоҳи чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё – 2021 дар гурӯҳи «А» шуд. 
Тибқи иттилои сомонаи ин мусобиқот,  дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шубоб Ал-Аҳлӣ» (АМА), «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва АГМК миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
«Истиқлол» бозии аввалинашро 15 апрел бо дастаи «Шубоб Ал-Аҳлӣ» мегузаронад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 151
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед