logo

Хабарҳо

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар Боғи Ирами пойтахт бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президент Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ  Қурбонзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони расмӣ дар фазои мутантан таҷлил гашт. Кадбонуҳои моҳири шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал ва вилоятҳои Суғду Хатлон соҳиби ҷойи дуюм гашта, ҷойи сеюм насиби шаҳру ноҳияҳои Турсунзодаю Сангвор гардид. 
Тавре Матлубахон Сат-ториён иброз дошт, солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри эҳёи арзишҳои фарҳангию дастовардҳои маънавӣ ва расму оинҳои миллӣ талошҳои муваффақона рӯи кор омаданд, ки баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз ин гуна иқдомҳост. 
- Тӯли чанд сол аст, ки мо бо доир намудани ин озмун ба тарғибу ҳифзи нигаҳдошти беҳтарин суннатҳои ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрок ва таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонуӣ ва ҳунари дастархонороӣ иқдом менамоем, - гуфт ӯ. 
Ҳунару завқи кадбонуҳоро ҳайати ҳакамон аз рӯи номинатсияҳои ороиши дастархон, ғизонокии маҳсулот, омода ва пешниҳод намудани хӯроки субҳона, чоштгоҳ ва шом, инчунин, таомҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, омодасозии намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва маҳсулоти нонӣ баҳогузорӣ намуданд.  
Ҷамила Ҷалилова, раиси шӯрои занони маҳаллаи Дарвози шаҳри Душанбе, баргузории озмуни мазкурро омили муҳими эҳёи анъанаҳои миллӣ медонад, ки баҳри баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва омоданамоии духтарон ба ҳаёти мустақилона мусоидат менамояд. 
Гулмоҳ Камолова, ки ноҳияи Файзободро намояндагӣ мекард, дар суҳбат ба мо гуфт: 
- Мебинам, ки Сарвари давлат ба ҳар хонадоне, ки ташриф оранд, аз дастпухти бонувон мепурсанд ва беш аз ҳама таваҷҷуҳ мекунанд ба таомҳои маҳаллӣ. Дар ҳақиқат, хӯрокҳои ҳар минтақа хусусияти ба худ хос дошта, аз ҳам фарқкунандаанд. Агар мо омодасозии ин гуна хӯрокҳои лазизро ба ҷавондухтарон наомӯзем, имкон дорад, ки онҳо аз байн раванд. Бинобар ин, роҳандозии ин озмун хеле муфиду бамаврид аст. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 146
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед