logo

Хабарҳо

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

Дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гашт. Ҳамоиш муаррихон ва коршиносони соҳаро аз манотиқи гуногуни кишвар ба ҳам овард. Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавзӯи меҳварии ҳамоиш буд. Коршиносон атрофи ҳамин масъала мубодилаи афкор намуданд.
 
Аҳлиддин Ибодуллозода, директори осорхона, ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт, ки: «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - меъморӣ ва фарҳангӣ аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Ба ин хотир ва ҷиҳати ҳифзу муаррифии ёдгориҳои таърихӣ  ва фарҳангӣ дар қаламрави кишвар, хусусан замони соҳибистиқлолӣ, осорхонаҳои  нави ҷавобгӯи талаботи давр  бунёд гардиданд. Осорхонаи миллӣ аз зумраи ҳамин гуна муассисаҳост. Ҳоло дар он ҳазорҳо  бозёфтҳои нодири таърихӣ ҳифз, нигоҳдорӣ ва, ҳамзамон, муаррифӣ мешаванд».
Зикр шуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, барои ҳар давлату миллат вазифаи муҳим ба шумор меравад. Ба ин хотир, аз ҷониби Ҳукумати кишвар 17 санади меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, ки ба ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ равона шуда, баҳри амалисозии он заминаи мусоид фароҳам меорад. 
Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанг, мавзӯи «Истиқлолият ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ» - ро баррасӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла гуфт: «Замони соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи ёдгориҳои нодири ғайриманқул 5 мамнӯъгоҳи таърихӣ - фарҳангии ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар, ҳамчунин, беш аз 100 ёдгорӣ таъмиру барқарор  гардид. Ин раванд мунтазам идома дорад».
Юсуфшоҳ Яқубов, академики Академияи миллии илмҳо, аз ҳолати бади баъзе ёдгориҳои таърихӣ изҳори нагаронӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки дар бисёр ноҳияҳои кишвар бо сабаби дуруст надонистани таърих ёдгориҳои таърихиро хароб намудаанд, ки ин боиси пурра аз байн рафтани баъзе аз онҳо гардид. 
- Болои қалъаҳои Урметан ва Вешканди ноҳияи Айнӣ хона сохтаанд, қалъаи Болдараки ноҳияи Мастчоҳ ба боғ, харобаи шаҳри Андироб дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба замини кишт, шаҳраки қадима дар Булёни Поёни ноҳияи Данғара ба обанбор табдил ёфтаанд. Харобаҳои шаҳраки  Саксахӯр, ки  маркази Фархори асрҳои IV - II  пеш аз миллод ба шумор рафта, он аз ҷониби муаррих Х. Муҳиддинов ҳафриёт шуда буд, ҳоло он ҳам пурра аз байн рафтааст, - гуфт бо таассуф Ю. Яъқубов.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 162
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед