logo

Хабарҳо

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар корҳои ободонӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром ҷараён доранд.
 
Тазаккур бояд дод, ки раванди корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Нуробод низ дар сатҳи зарурӣ идома дошта, ҷиҳати бунёди майдону толорҳои варзиш, ободу зебо гардондани хиёбону гулгаштҳо, маҳаллаҳои  аҳолинишин, шаҳраку деҳот, таъмиру азнавсозии марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ ва маишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 248 иншооти нақшавӣ 185 – тои он ба маблағи 59 миллиону 441 ҳазору 425 сомонӣ сохта  шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Ҷиҳати ҳифзи солимии аҳолӣ бахусус насли наврас тибқи нақша-чорабинӣ бунёди 2 майдони варзиш, 6 майдончаи варзиш, 2 толори варзиш тарҳрезӣ гардид, ки дар бунёди он саҳми ҷавонон хеле назаррас мебошад.  Ҳамчунин, 7 майдончаи бозии кӯдакон, 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 синфхонаи иловагӣ, 3 китобхонаи замонавӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши кӯдакону наврасони деҳаҳои дурдасти ноҳия дар кӯтоҳтарин муддат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. 1 қасри фарҳанг,  боғи фарҳангиву фароғатӣ, гулгашт,  1  бинои  маркази ҷавонон,  2  бунгоҳи  тиббӣ, 1 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 7 нуқтаи хатна, 4 дорухона, 8 сартарошхона,  6 кошонаи  ҳусн, ҳаммому марказҳои савдои маводи ниёзи мардум, 33 маркази хизматрасонӣ, 3 меҳмонхона, 1 корхонаи     коркарди    шир,   7 коргоҳи  дӯзандагӣ,  5 дукони ҳунармандӣ,  1 коргоҳи адрасбофӣ бунёд ёфтанд. 67 километр роҳ таъмир ва 4 пул бунёд  гардид ва 12 километр  хати интиқоли барқ кашида шуд.
  Ба шуғли доимӣ фаро гирифтани ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеа яке аз масъалаҳои умдаи рӯз ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 2 маротиба озмуни ҷойҳои кории холиро баргузор  намуд, ки дар натиҷа 20 нафар  ба ҷойҳои корӣ роҳхат гирифт, 17 кас ба касбомӯзӣ ва 13 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.
Бешубҳа, эълон гардидани солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занон воситаи беҳгардонии сатҳи зиндагӣ гардид.  Занони нурободӣ бо чирадастии худ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мекӯшанд  ва мехоҳанд насли ояндаро касб омӯзонанд.
Ба ин мақсад, дар ноҳия се корхонаи хурди дӯзандагӣ дар деҳоти Сафедчашма, Комсомолобод ва шаҳраки Дарбанд фаъолият мекунад. Дар онҳо 40 дастгоҳи дӯзандагӣ ва 18 дастгоҳи хурди қолинбофӣ духтарон ҳунар меомӯзанд. Ҳамчунин, аз тарафи шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар деҳоти Сафедчашма ва шаҳраки Дарбанд курсҳои  омӯзишии дӯзандагӣ ва адрасбофии дастӣ ташкил шуда, зиёда аз 40 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳо ҷалб гардиданд.
Соли гузашта дар муассисаи давлатии маркази таълимии касбомӯзии ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддатро бо ихтисосҳои ошпаз, бофанда (адрасбоф), гулдӯз, фермер - соҳибкор ба роҳ монданд ва 524 занону бонувон ба курсҳои мазкур ҷалб гардид. Воқеан, сӣ соли истиқлолият ба занону духтарони деҳот муваффақиятҳои зиёдеро овард. Масалан, дар давраи шӯравӣ дар ноҳия танҳо 17 нафар зани соҳибмаълумот дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекард. Ҳоло шумораи занони роҳбар 19 нафар буда, дар соҳаи маориф 135 ва дар соҳаи тиб 207 нафар фаъолият дорад. 40 нафар бону сарварии хоҷагиҳои деҳқониро бар дӯш дошта, 29 нафар ба соҳибкорӣ машғул аст. 
Саҳми занону духтарони ноҳияи Нуробод дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву оммавӣ ва фарҳангиву варзишӣ тайи солҳои охир хеле афзуда, баробар бо мардон дар бахшҳои гуногун  дилгармона заҳмат мекашанд. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 170
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед