logo

Хабарҳо

КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

Дар асоси дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи Сангвор расид.
Туҳфаи гаронарзиш, ки ба баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон равона гардидааст, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 3000 оилаи  деҳоти  Сангвор расонда шуд. 
Қабули туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро рӯҳбаланд гардонд ва онҳо  иброз доштанд, ки фарзандони мо ва насли наврас дар натиҷаи хондани ин китоб аз таърихи гузаштагони худ огоҳ гардида, бо меҳри ватандӯстонаю меҳанпарастона оянда дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров соли равон сурат гирифт. То Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ин китоб бояд ба ҳар оилаи кишвар тақдим  шавад.
 
 
ШУЪБАИ ҶАРРОҲӢ ПАС АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ пас аз таъмири асосӣ ва таъмин бо  таҷҳизоти муосири тиббӣ  ба қабул ва табобати беморон оғоз намуд. Раиси вилоят Ёдгор Файзов  ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз  шуъбаи мазкур боздид намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки барои таъмири ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, беморон ва дастрас кардани таҷҳизоти тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 756 ҳазор сомонӣ ҷудо  намуд.
Шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ низ аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид. Таъмиру тармими шуъбаи мазкур бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  анҷом дода шуд. Барои таъмири  ҳуҷраҳои ин шуъба зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ сарф шуд.
Ҳамчунин, дар ҳавлии беморхонаи вилоятӣ хаймаҳои махсус бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва пурарзиш барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус васл шуданд. Ин хаймаҳо бо дастгоҳҳои тавлиди оксиген ва  нафасдиҳии сунъӣ, компютери томографию магнитӣ таъмин гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 175
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед