logo

иҷтимоиёт

ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС. ВОРУХ МЕРОСЕ АЗ ОРИЁ ВА ПОРАЕ АЗ ҚАЛАМРАВИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуктаро рӯшан месозад, ки бо таассуф ҷониби Қирғизистон ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандҳазорсола фурӯгузорӣ мекунад ва намехоҳад, онро, ки дар китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намуда, бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намояд. Ҳамин сарусадо, ки ахиран дар муносибат ба рустои Ворух баён гардид, бори дигар водор сохт, ки бо такмили ин матлаби қаблан дар «Ҷумҳурият» нашршуда боз ҳам матолибе дар асоси навиштаҳои донишмандони хориҷӣ биафзоем, ки ҳамагӣ ҳақиқати таърихии сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунанд.
Бо гувоҳи илмии таърих, ҳамаи сарчашмаҳо собит мекунанд, ки Ворух маҳали зисти аҳолии тоҷиктабор буда, ҳатто номи он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки, аслан, аз ҳамин марзҳо баромада, дар интишори забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар қаламрави Ҳинд ва сарзаминҳои дигар нақши муассир гузоштаанд, метавон дар шинохти ҳаққи таърихии хеш даъвоҳое бар пояи асосҳо ва мабоҳиси илмӣ дошта бошанд. Ҳатто таркиби луғавии ҳамин номи шаҳри “Боткенд”, ки дар асл аз вожаи суғдии “Бодканд” берун омада, ба маънии шаҳри бод истифода мешавад. Дар қаламрави таърих ва бегумон ягона меросбарони забон ва фарҳанги суғдии марзҳои Фарорӯд тоҷикон ҳастанд, ки ҳаққи комили соҳиби ин мерос буданро доранд. Нуктаи дигари қобили таъкид он аст, ки Ботканд дар гузашта шомили устони Ӯш будааст. Дар бораи шаҳри Ӯш дар яке аз қадимтарин асарҳои ҷуғрофии асри Сомониён “Ҳудуд ул - олам” дақиқан ба шаҳри тоҷикнишин будани он чунин ишорат рафта: “Ӯш ҷое ободон аст ва бисёрнеъмат ва мардумоне ҷангӣ ва ба барокӯҳ ниҳодааст. Ва бар ин кӯҳ посбон аст ва дидабон аст, ки кофири туркро нигоҳ дорад”. Дар қаламрави ин навоҳӣ ва манотиқи дигар садҳо номҳои тоҷикӣ ҳастанд, ки то имрӯз побарҷо буда, худ таърихан ба қаламрави тоҷикон пайванд доштани онҳоро ба субут мерасонад. Фузун бар ин, яке аз орифон ва шоирони номовари тоҷик, ки, аслан, аз ин шаҳр бархоста, Қутбиддин Бахтиёри Кокии Ӯшӣ мебошад, ки солҳо дар интишори забону адабиёти тоҷик ва ирфон дар қаламрави Ҳинд нақши муассир гузошта. Ҳатто донишварон аз таъсири ашъори ӯ ба Ҳофизи Шерозӣ низ изҳори назар намудаанд. Чандин нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангии девони ашъори тоҷикии ӯ имрӯз дар китобхонаҳои Ҳинду Покистон маҳфузанд.
Бармегардем ба мавзӯи Ворух. Дар матбуоти даврии Қирғизистон ва расонаҳои электронии он имрӯз сарусадоҳое ҳам ҷой доранд, ки деҳаи Ворухро анклав мешуморанд ва онро дар гузашта марзи ин кишвар меҳисобанд. Дар асл ин як даъвои беасос аст. Аз тарафи дигар, ин иддао таҳрифи рӯйрости таърих аст, чун садҳо далелҳои таърихӣ ҷой доранд, ки ҳатто дар аҳди қадим Ворух як вилояти бузурги тоҷикнишин буда, ки дар тобеияти он навоҳии зиёде қарор гирифта, ки аз ҷумлаи онҳо Суху Ҳушёриву минтақаҳо будааст. Аз нигоҳи забонӣ ҳам яке аз вожаҳои куҳани суғдӣ будааст ва мардуми ин минтақа то ҳанӯз куҳантарин вожаҳои тоҷикии аҳди сомонӣ, нахустин давлати тоҷиконро дар гуфтори хеш истифода мекунанд. Роҷеъ ба вожашиносии Ворух дар донишномаи электронии озоди “Википедия” чунин омадааст: “Деҳаи Ворух баъд аз Тамохуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда» - ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи авестошиносон калимаҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ ба Ворух пайвастагӣ доранд: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ студа шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони Н. Бобоҷон Ғафуров дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон, дар «Гӯри муғ»-и Ворух пайкараи кӯчаки аз гач сохташудаи зан бозёфт шудааст ва тахмин меравад, ки шояд ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредвисура Анаҳито (нигаҳбони обҳои осмонӣ) бошад. Чунин номҳо далели онанд, ки замоне дар Ворух зардуштия ривоҷ ёфтааст ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад”.
Ҳамзамон, дар сарчашмаҳо ба таври барҷаста таъкид шудааст, ки дар аҳди Сомониён дар тобеияти ин давлати миллии тоҷикон будааст. Ҳатто Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар китоби “Бобурнома” - и хеш овардааст: «Ворух дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш дарахти бодоманд. Мардумаш сарт ва форсигӯяд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр» (саҳ. 21).  Мисли ин садҳо матлаб аз сарчашмаҳои таърихӣ метавон зикр намуд, ки ба сарзамини тоҷикон будани Ворух ишорат намудаанд.  Баҳси аввал ин ҷо бояд дар бораи калимаи «сарт» ба миён ояд, ки онҳо кистанд. Худи Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар ҳамин китоби «Бобурнома» дар нисбати мардумони Марғинон низ ин калимаро истифода намуда, онҳоро бо мардуми Андиҷон, ки, аслан, забонашон туркӣ аст, муқобил гузошта, таъкид медорад, ки дар зери мафҳуми «сарт» халқиятҳое фаҳмида мешавад, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд (саҳ. 145 - 146). Асосгузори адабиёти ӯзбек Амир Алишери Навоӣ таъкид доштааст, ки мавҷудияти мардуме бо номи «сарт» ифодакунандаи «форсизабон» ва «тоҷик» дар миёни ақвоми дар минтақаи Осиёи Миёна истиқоматкунанда мебошад. Академик Василий Бартолд бар асоси осори таърихии куҳан ба ин масъала баҳои дақиқи илмӣ додааст: «У писателей XV и начала XVI в., Неваи и Бабура слово сарт употребляется в смысле «перс, таджик»...
Муаррих ва ҷаҳонгард Арминий Вамберӣ бошад, дар муносибат ба ин калима дар асари худ «Сафарномаи Осиёи Миёна» («Путешествие в Среднюю Азию») роҷеъ ба сартҳои хоразмӣ чунин менависад: «Сарты, называемые в Бухаре и Коканде таджиками, - древнее персидское население Хорезма, число их здесь относительно невелико. Постепенно они смешали свой родной персидский язык с тюркским» (саҳ. 257-258).  Ҷолиб аст, ки ҳамин муаррих ва ҷаҳонгард ҳар ҷо ки дар китоби хеш вожаи “сарт”-ро истифода кардааст, ҳамоно дар қавсайн таъбири “баромади форсидошта”, яъне манзур тоҷиконро таъкид кардааст. Дар баробари ин, зимни ишорат ба қавмиятҳои сокини минтақа ҳамеша қирғизҳоро ҳамчун як халқияти ҷудогона дар баробари сартҳо муаррифӣ намудааст, ки ба ҳам ҳеҷ робитаи этникӣ надоранд.
Бар асоси таҳқиқоти анҷомёфта маълум мешавад, ки дар зери мафҳуми сарт ақвоме фаҳмида мешудааст, ки асли ориёӣ дошта, дар Осиёи  Миёна зиндагонӣ ва бештар ба тиҷорат машғул будаанд. Ба таъбири дигар, мушаххасан дар сарчашмаҳои куҳан ин вожа, асосан, нисбат ба тоҷикон истифода шудааст.
Аз ин рӯ, ба ҳақиқати таърих бо даъвоҳои беасос наметавон хати бутлон кашид. Ба ин мавзӯъ, набояд аз дидгоҳҳои харитаҳои сохтаи замони шӯравӣ ё даъвоҳои беасоси гурӯҳҳои манфиатхоҳ, балки тавассути матолиби сарчашмаҳои куҳани таърихӣ, забону гуфтори мардум ва номҳои ҷуғрофӣ назар афканда, баъдан сухан кард, зеро суханро дар ҳама маврид санҷида ва бар асоси далелҳои муҳками таърихӣ бояд гуфт, вагарна аз сухани бидуни далел ҷуз шармсорӣ дигар чизе ҳосил намешавад.
Аммо таҳқиқоти мардумшиносӣ ва бостоншиносии анҷомёфта, хосса корҳои бо роҳбарии Б. Литвинский анҷомдодашуда хеле аз далелҳои таърихиро пешорӯи  донишмандони ҷаҳон гузошт, ки сокинони асосии ин минтақа дар гузашта тоҷикон буданд ва ҳатто шогирди ин донишманди мумтоз С. Б. Певзнер ҳангоми омӯзиши катибаи ҷанубии Ворух мушаххасан таъкид намуд, ки он намунаи қадимтарини мероси хаттии тоҷикон ба шумор рафта, ба забони тоҷикӣ иншо гардидааст. Ӯ дар ин маврид дақиқан истилоҳи забони тоҷикиро истифода бурдааст, на форсиро. «Видимо большая часть надписи написана на таджикском языке, кроме нескольких строк, где можно предположить арабский язык. Если это предположение о языке верно, то  южная Ворухская надпись явится самим древним  памятником на таджикском языке» (Е. А. Давидович ва В. Литвинский. Очерки археологии райони Исфара саҳ. 224).
Мавҷудияти ҳазорон аз чунин аснод, ки ба ҳаққи таърихи мардуми тоҷик ишорат мекунанд, барои мо ҳам имконоте фароҳам меоваранд, ба кашфи ҳақиқати таърих роҳ кушоем. Бо ишорат ба ин чанд санади таърихӣ, ки дар арзишмандтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ ҷой гирифтаанд, албатта, мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ надорем, баръакс бо зикри ин матолиб мехоҳем танҳо ин нуктаро изҳор дошта бошем, ки ин ҳақиқатҳои таърихӣ, ки ҳаргиз аз сафҳаҳои хотираи башарият зудуда намешаванд ва ба унвони далоили таърихӣ ҳамеша бо мо ва аз мо ҳастанд. Бо ин ҳама, мардуми тоҷик мисли ҳамин фарзандони фарзонааш, ки ҳатто аз марзҳои ба истилоҳ мутааллиқ ба ҷуғрофиёи кунунии Қирғизистон ҳамчун намояндаи миллати тоҷик берун омадаанд, танҳо тавассути фарҳангу адабиёту маърифат ба сӯи ҷаҳон, тамоми мардуми олам роҳ кушодаанд, на даъвоҳои беасосе, ки шояд бештар аз сад сол таърих надоранд. Ин ҷо зимни баррасии масъала мо, асосан, ба далоиле такя намудем, ки  донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ, аз ҷумла ховаршиносони рус бо такя бар маъхазҳои таърихӣ баён доштаанд ва бегумон дар осори таърихӣ мисли ин матолиби фаровони дигаре ҷой дорад, ки ҳамагӣ ба як пораи муқаддаси хоки Тоҷикистон будани Ворух таъкид мекунанд. Пас, ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки Ворух  хоки поки Тоҷикистон буду ҳаст ва мемонад:
Дилномаи шавқу шӯр дорад, 
Ворух,
Бас кӯҳи пур аз ғурур дорад, 
Ворух.
Хешиву табориву садоқат 
бо нур,
Аз дурии дури дур дорад, Ворух.
 
 
Нуралӣ НУРЗОД, 
доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2021    №: 74    Мутолиа карданд: 235
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед