logo

маориф

ДДТХ. СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ, НУФУЗАФЗО БУД

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли панҷум аст, ки фаъолият дорад. Бояд махсус зикр намуд, ки дар таърихи Тоҷикистони  соҳибистиқлол ин дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба ҳисоб меравад.
 
Тавре  Убайдулло Қурбон, ректори донишгоҳ, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2020 дар сатҳи хеле баланд арзёбӣ мегардад. Боиси қаноатмандист, ки дар донишгоҳ 701 нафар донишҷӯ ё 48,4 дарсади он бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад. Чунин нишондиҳанда дар байни донишгоҳҳои кишвар баландтарин ба ҳисоб меравад. Бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб ҳамеша дар маркази диққат қарор дорад. Дар донишгоҳ нахустин Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ, бо иштироки васеи олимони ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ баргузор шуд. Инчунин, дар сохтори донишгоҳ маркази таҳсилоти баъд аз дипломӣ ташкил гардида, дар давоми як сол 10 барномаи бозомӯзии касбӣ, 13 барномаи ординатураи клиникӣ ва 40 барномаи такмили ихтисос таҳия шуда, ҳамзамон, 43 нафар аз устодону омӯзгорони донишгоҳ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Соли сипаришуда дармонгоҳи донишҷӯён таъсис ёфт, ки он ба пуррагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Шароити мусоиди таълиму тарбия замина фароҳам овард, то дар соли 2020 – ум аз шумули донишҷӯён 6 нафар бо стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар стипендияи раиси вилояти Хатлон, 1 нафар бо стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиш, 2 нафар бо стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 2 нафар бо стипендияи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштаанд. Барои донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боиси ифтихору қаноатмандист, ки соли 2020 бори аввал дар донишгоҳ тадриси 10 фанни нави таълимӣ ба роҳ монда шуд. Бори аввал дар сохтори доиншгоҳ 2 кафедраи нав, фанҳои муолиҷавии № 2, фанҳои ҷарроҳии № 2 таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Кормандони донишгоҳ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, боз ба корҳои машваратӣ, методӣ, ташхисӣ ва табобатӣ машғуланд, ки онҳо дар давоми соли рафта 7 ҳазору 563 нафар беморро ташхис ва табобат намудаанд. Аз ҷониби кормандони донишгоҳ дар пойгоҳи беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара 14 амалиёти трансплантологияи гурдаю ҷигар, 210 амалиёти ҷарроҳии пластикӣ ва реконструктивӣ гузаронидаанд. Дар маҷмӯъ, 408 амалиёти ҷарроҳӣ аз рӯи беш аз 60 намуд гузаронда шудааст. Ҳамзамон, дар давраи пандемияи COVID – 19 гурӯҳи волонтёрон ташкил карда шуд, ки онҳо дар ҳамкори бо КАТС-и ноҳияи Данғара, дар маҷмӯъ, 6 ҳазору 235 хонаро гардиш намуда, вазъи саломатии тақрибан 30 ҳазор шаҳрвандро муайян намуданд. Аз шумори кормандони донишгоҳ 25 нафар дар мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ бевосита саҳм гирифтанд. Умуман, ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани дараҷаи омодасозии мутахассисони ҷавони тиб, шароиту имкониятҳои нав дар донишгоҳи навтаъсис муҳайё гардида истодаанд. Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати омодасозии мутахассисон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи соҳаи тиб, тамоми имконияту воситаҳоро ба кор мебаранд.
 
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2021    №: 74    Мутолиа карданд: 148
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед