logo

Хабарҳо

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

ТАСС. Кайҳоннавардони рус Сергей Рижиков, Сергей Куд-Сверчков, Олег Навитский ва Пётр Дубров, ки дар Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ қарор доранд, ҳамагонро ба 60-солагии парвози  Юрий Гагарин ба кайҳон табрик гуфтанд.
- Дӯстон, дар ин рӯз мехоҳем ҳамаро ба ин санаи муборак табрик гуфта, ба онҳое, ки ҳаёти худро ба омӯзиши коинот бахшидаанд, ташаккур бигӯем. Сипоси мо ба онҳое, ки имрӯзҳо ин корро идома медиҳанд ва инсониятро ба омӯзиши минбаъдаи кайҳон ҳидоят менамоянд, - иброз дошт Дубров дар сабти видеоӣ.
 
Талоши Чин ҷиҳати наҷот додани ангиштканон
Мир24. Дар шимоли Чин амалиёти густурдаи наҷотдиҳии ангиштканон идома дорад. Бештар аз 20 ангишткан дар шахтаи зериобмондаи ноҳияи мухтори  Синзияни Уйғур  дармондаанд. 
Ҳодиса шоми шанбе ба амал омад. Ҳамон вақт дар шахта 29 кас буд ва ба наҷотдиҳандагон  муяссар гардид, ки 8 нафарро раҳо кунанд. Алҳол дар ҷои ҳодиса қариб яку ним ҳазор  наҷотдиҳанда кор  мекунад. Онҳо барои обро кашида баровардан лӯлаҳо гузаронда, ҳамчунин, масъалаи бо ҳаво таъмин намуданро ҳал менамоянд. Амалиёти наҷотдиҳӣ шабонарӯзӣ ҷараён дорад. 
 
 
Ҳамкориҳои Ӯзбекистону  Қазоқистон тавсеа меёбанд
Central Asia (KZ). Сарвазирони Ӯзбе-кистон ва Қирғизистон Абдулло Орифов ва  Аскар Мамин ба сохтмони маркази байналмилалии тиҷоратӣ-иқтисодии ҳамкорӣ (МБТИҲ)  «Осиёи Марказӣ», ки дар сарҳади ҳар ду кишвар  бунёд мешавад, санги асос гузоштанд.
МБТИҲ «Осиёи Марказӣ» дар минтақаи гузаргоҳҳои «Жибек Жоли»(ҶҚ) ва «Хишт Куприк» (ҶӮ) дар масоҳати 400 гектар доман паҳн мекунад. Интизор меравад, ки он дар оянда  ҷиҳати роҳандозии тарҳҳои муштараки Ӯзбекистону Қазоқистон ба бузургтарин  иншооти саноатӣ ва тиҷоратию логистикӣ табдил меёбад.
 
 
Охирин баромад дар вазифаи канслер
АИР «Новости». Ангела Меркел дар кушодашавии намоиши саноатӣ дар Ганновер иброз дошт, ки ин охирин суханронии ӯ ба симати Канслери Олмон мебошад. 
Интихоботи навбатии парламентӣ дар Олмон моҳи сентябри соли равон баргузор мегардад. Ҳанӯз соли 2018 Ангела Меркел хабар дода буд, ки ин охирин муҳлати ӯ дар ин вазифа аст. Ӯ, инчунин, номзадиашро дар интихобот ба маснади роҳбари ҳизби Иттифоқи христианӣ-демократӣ пешниҳод накард. 
Чуноне тазаккур дода мешавад, Ангела Меркел дар Олмон аввалин занест, ки ба ин мансаби олӣ интихоб гардид.  
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 160
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед