logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОНИ ЧИН

Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст. 
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 26 январи соли 2021
 
Баъди ба даст овардани истиқлолият худшиносии миллии тоҷикон боз ҳам қавитар гардид. Бесабаб набуд, ки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи тоҷикон рӯ оварда, олимони таърихдонро даъват намуданд, ки гузаштаи халқро бо диди нав аз нигоҳи ҳақиқат таҳқиқ созанд. Ин нидо муҳаққиқони соҳаро водор кард, ки ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Олимони тоҷик дар ин ҷода корҳои пурмаҳсулеро ба анҷом расонданд. 
Баррасии мавзӯи таърихи тоҷикони Чин дар замони ҳозира, ки яке аз рукнҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикони ҷаҳон ба шумор рафта, хеле ҳам рӯзмарра мебошад, дар омӯзиши гузаштаи дури мо саҳифаҳои нав ворид сохта, ба бисёр масоили баҳсталаб равшанӣ андохт.
Доир ба масъалаи омӯзиши таърихи тоҷикони Чин чанде аз олимони тоҷик ва чинӣ як қатор таҳқиқот гузаронда, дар ин масъала китобҳо ва мақолаҳои илмии зиёд навиштанд.
Тоҷикони сарикӯлӣ, ки дар мавзеи Тошқӯрғони Чин ба сар доранд, аз гурӯҳҳои тоҷикзабони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони қадимаи ориёнажоди Қошғар ба шумор мераванд. Доир ба масъалаи алоқамандии этникии сокинони ВМКБ дар байни олимон ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Этнографи варзидаи рус М. С. Андреев, ки бештар аз ним аср умри худро барои таҳқиқи ин масъала сарф карда буд, ба чунин хулосаи аз ҷиҳати илмӣ дуруст омад, ки сокинони Бадахшон аз ҷиҳати нажоду забон ба тоҷикон тааллуқ доранд ва онҳо тоҷики асиланд. 
Барои ба таври муътамад барқарор кардани ватани таърихии тоҷикони Чин, мебояд ба вуҷуд омадани худи номи Туркистони Шарқӣ, ки он ҷо дар баробари дигар қаламравҳо меҳани таърихии ниёгони тоҷикон мебошад, баррасӣ шавад.
Муаллифони рус ва Аврупои Ғарбии асрҳои ХVIII-нимаи дуюми ХIХ аксар вақт Осиёи Миёнаро Бухорои Бузург, заминҳои шарқии онро Бухорои Хурд ном мебурданд, ки он тибқи ахбори сарчашмаҳои чинии замони нав, пас аз ҳамроҳ шудани он ба Чин дар миёнаи асри ХVIII номи Синсзянро гирифт.  Ҳар ду ном - Бухорои Хурд ва Синсзян (Сарҳади нав) эҷоди маснуӣ аст. Ин номҳо топонимҳои маҳаллӣ набуда, барои сокинони ин маконҳо бегона буданд ва онҳо аз он истифода намебурданд. Дар асрҳои ХVIII – ХIХ дар Шарқ ва сипас дар Аврупо ва Россия ҳар дуи ин вилоятро Туркистон ва баъзан барои фарқ кардан Туркистони Бухоро ва Туркистони Шарқӣ меномиданд.
Тибқи таҳқиқоти олимони рус ва шӯравӣ дар ҳар ду қисмати Туркистон мардуми ҳамон як аслу насаб зиндагӣ карда, ба сатҳи баланди инкишофи маънавӣ расида буданд.
Муҳаққиқон бар мабнои таҳлили маълумоти таърихӣ, бостоншиносӣ, антропологӣ, этнографӣ ва забоншиносӣ муайян намуданд, ки гузаштагони тоҷикон, дар баробари дигар халқҳои қадимтарин ва қадим, нажоди эронитабор - тахориён мебошанд, ки онҳо дар давронҳои хеле қадим дар қаламрави Туркистони Шарқӣ ҳаёт ба сар мебурданд ва ба забони гурӯҳи забонҳои Эрони шарқӣ ҳарф мезаданд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои чинӣ, робитаҳои чиниҳои  қадим бо аҳолии тахоризабон собиқаи хеле дерина доштанд. Муҳаққиқи японӣ Ханеда Акира дар хусуси ҷанбаи этникии таърихи қадимтарини Туркистони Шарқӣ навиштааст, ки доир ба сокинони қадимаи ҳавзаи Тарим метавон гуфт, ки забонҳои онҳо ба хонадони ҳиндуаврупоӣ мансуб буд, аҳолии Трансоксания (Мовароуннаҳр) эрониҳо буданд.
Дар ҷараёни паҳншавии қабоили эронӣ дар охири ҳазорсолаи II ё оғози I то солшумории мо шумораи зиёди ниёкони скиф дар Туркистони Шарқӣ маскун гардиданд ва аксаран қисмҳои ғарбӣ ва ҷанубии онро ишғол намуданд, дар ҳоле ки қисми шимолии он қаламрави асосии тахориён буд. Маҳз ҳамон замон ниёкони соҳибони ояндаи забони хутанисакоӣ аз ниёкони сакоии боқимонда, аз ҷумла осиёимиёнагӣ ҷудо гардиданд. Вале дар фарҳанг унсурҳои зиёди умумӣ нигоҳ дошта шудаанд.
Дар маҳаллоти мухталифи Туркистони Шарқӣ як идда ашёҳои  асрҳои VI-III то мелод ёфт шудаанд.
Ҳангоми ҳафриёти қӯрғонҳои Тошқӯрғон - уезди тоҷикнишини ноҳияи мухтори Синсзяну Уйғур, ки онро Институти бостоншиносии Академияи илмҳои ҷамъиятии Синсзян дар маҳали Сянбяобао ташкил карда буд, 40 дафина (қабр) боз карда шуд. Донишманди чинӣ Чэн Ге қӯрғонҳои дар онҳо ҳафриётгузарондашударо бо қӯрғонҳои Помири шарқӣ муқоиса намуд ва бо истинод ба таҳқиқоти А.Н. Берштам ва Б.А. Литвинский тахмин намуд, ки дафинаҳои аз ҷониби онҳо бозшуда ба даврони Чун Тсю-Чжанго, яъне ба асрҳои VIII-III то милод тааллуқ доранд. Бо такя бар мавқеи ҷуғрофӣ, ӯ ин дафинаҳоро ҳамчун марбут ба сэ (яъне сакоиҳо) ё кян-ам (гузаштагони тибет) далелнок кард. 
Б. А. Литвинский маълумоти донишманди чиниро дақиқан таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки аз ҳар ҷиҳат (сохти бунёди дафина, расму оини дафнкунӣ, ашёҳои дафнкунӣ) қӯрғонҳои дар Туркистони Шарқӣ ҷойдошта ба таври фавқулода, ҳатто аз бисёр ҷиҳат ҳамсон, бо қӯрғонҳои сакоии Помири шарқӣ шабоҳат доранд. 
Ҳамин тариқ, қӯрғонҳои Тошқӯрғон онро тасдиқ менамоянд, ки дар ҳудуди ин қисми Туркистони Шарқӣ аҳолии сакоӣ маскун буданд, ки ҳамроҳ бо сокинони помиринасаб ҷузъи ҷудоинопазири гурӯҳи қабилаҳои сакоӣ буданд. Ин ҳуқуқ медиҳад тасдиқ намоем, ки дар ғарб, шимол ва дар қисми марказии Туркистони Шарқӣ, дар чарогоҳҳои ҳамвор ва баландкӯҳ аз асрҳои VIII-VII то мелод ва тақрибан то ҳудуди солшумории мо кӯчиёни сакоии эронизабон маскун буданд.
Сарчашмаҳои хаттии асрҳои VII-Х дар Хутан ва Тумшуқ ёфташуда гувоҳ бар онанд, ки забони ниёгони сакоиҳои маҳаллӣ бо забони тоҷикони Бадахшон, аз ҷумла вахониҳо, умумиятҳои зиёд доранд.
Ҳамин тариқ, аз замонҳои қадим дар ҳудуди Туркистони Шарқӣ аҳолии ҳиндуаврупоӣ иқомат доштанд. 
Дертар дар ҷанубу ғарбии Туркистони Шарқӣ, ки қабилаҳои сакоӣ маскун буданд, давлати туркии Қарахониҳо ташкил мешавад ва дар шимолу шарқи кишвар, ки тохариҳо мезистанд, давлати уйғурҳо арзи вуҷуд мекунад. Дар муқоиса бо манотиқи дигаре, ки дар он қабилаҳои эронизабон иқомат доштанд, аҳолии ориёии Туркистони Шарқӣ бештар аз ҳама зери таъсири туркҳо қарор гирифтанд, вале забони тоҷикӣ нақш ва моҳияти худро аз даст надод. Тибқи шаҳодати Маҳмуди Қошғарӣ, ки дар давраи салтанати сулолаи Қарахониҳо ҳаёт ба сар бурдааст, дар шаҳрҳои Туркистони Шарқӣ ва Ҳафтрӯд забони суғдӣ (забони аҳолии аслии минтақа) хеле паҳн гашта буд ва суғдиён дар ин ҳудуд, ҳатто дар асри ХI ҳиссаи калони аҳолиро ташкил медоданд.
Соли 1760  Туркистони Шарқӣ ба ҳайати империяи Тсин дохил шуд ва номи Синсзян («Сарҳади нав» ё «Қаламрави нав»)-ро гирифт.
Дар миёнаи солҳои 60 асри ХIХ бар зидди зулму ситами Тсинҳо исёни аҳолии маҳаллӣ – халқҳои ғайричинӣ оғоз меёбад, ки дар натиҷа хонигарии Қошғар таъсис дода мешавад. Дар ин воқеаҳои таърихӣ тоҷикон низ ширкати фаъол доштанд, ки яке аз онҳо Муҳаммад Яъқуббек – ҳокими давлати Ҳафтшаҳр буд.  Ҳокими Сарикӯл Алафшоҳ соли 1866 тобеияти худро ба Яъқуббек эълон кард, вале пас аз чанде ӯ аз тобеияти Яъқуббек саркашӣ кард. Дар охири солҳои 60 Яъқуббек Сарикӯлро гирифт ва ҳокимияти ӯ 12 сол идома дошт.
 
Абдуқаҳҳор САИДЗОДА, 
профессор, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи  Аҳмади Дониш,
доктори илми таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 141
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед