logo

Хабарҳо

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Лоиҳаи телевизионии ҷумҳуриявии “Парвин” баргузор гардид. Аз 34 иштирокчии беҳтарин, ки дар даври ниҳоӣ ширкат варзидаанд, 15 барандаи озмун қадр шуданд. 
Мавсими навбатии озмун ба таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Он 3 даврро фаро гирифта,  дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияҳои Рашту Айнӣ гузашт. 
- Лоиҳаи телевизионии ҷумҳуриявии “Парвин” бо ташаббуси ТВ “Баҳористон” аз соли 2016 ба хотири дарёфт ва муаррифии беҳтарин истеъдодҳои навраси 3 жанри санъати мусиқӣ: вокал, хореография ва навозандагӣ бо сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ғолибони имрӯза бори нахуст дар назди аҳли ҳунари Тоҷикистон, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Бовар дорем, ки ин санҷиши бузург онҳоро ба саҳнаҳои бузург ҳидоят карда, донишу маҳораташонро дар соҳаи санъати асил такмил мебахшад, - изҳор дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
Бино ба иттилои директори ТВ “Баҳористон” Дилафрӯз Амирзода, то имрӯз бештар аз 50  ғолиби лоиҳа дар ҳайати ансамблҳои ҳунарии Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио фаъолият карда, қисме аз онҳо дар Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, коллеҷҳои санъати шаҳри Душанбе ва Хуҷанд таҳсили худро давом дода истодаанд.
Чанде аз ғолибони лоиҳа пас аз пирӯзӣ дар он тавонистанд дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, озмуни телевизионии байналмилалии “Во весь голос” (“Бо ҳама овоз”) ширкат варзида, санъати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд.
Дар ҷамъбасти озмун Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе ва дигар устодони ҳунар иштирок карда, нақши чунин чорабиниҳоро дар муаррифии миллат ва тарбияи санъаткорони боистеъдод муҳим арзёбӣ намуданд.  
Ғолибони навбатии “Парвин” дар жанри вокал Басона Одинаева, Муҳаммадҷон Зоидов, Қобилҷон Солеҳов, Шаҳоб Қурбонов, Хайрулло Муродзода, Меҳрангез Тағоева, Муҳаммадҷон Раҷабов, дар жанри навозиш Саидалӣ Носиров, Абубакр Отахонов, Муҳаммадалӣ Машрабов, Ғиёсиддин Ҷӯраев, Муҳаммадҷон Ёров ва дар рақс Ангелинаи Исрор, Меҳрангез Мамадазизова гаштанд.
Онҳо бо иҷрои барномаҳои зебову дилнишин соҳиби ҷоизаҳо, дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 187
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед