logo

Хабарҳо

ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

Квотаҳои давлатии Федератсияи Россия барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар асоси Созишномаи байни  Ҳукумати  Тоҷикистон ва  Федератсияи  Россия аз соли 2011 ҳамасола  роҳандозӣ  мегарданд. Ин тадбир дар баробари омӯзиши  ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Россия, ҳамчунин, барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар заминаи боз ҳам қавитарро фароҳам меорад.
 
Ин нуктаро Назира Амирбекзода, муовини  раиси  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, зимни мулоқот бо намояндагони Маркази илмӣ - фарҳангии Россия дар  Тоҷикистон баён дошт. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳо  вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни вилоят ба мактабҳои олии Федератсияи Россия ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ-фарҳангии  марказ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои  марбутаи  ҳокимияти  давлатӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқоти масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Россия дар Тоҷикистон  бо   муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода дар доираи сафари кориашон ба  ВМКБ ҷиҳати хостагирӣ ва баргузории  имтиҳоноти қабули  довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти  олии ин кишвари ба мо дӯст доир гардид. Маъракаи имтиҳоноти мазкур дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ сурат гирифт. 
Дар ҷараёни сафар масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Россия, инчунин, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и деҳоти ба номи Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон дидан намуданд. Меҳмононро устодону шогирдони муассисаи таълимӣ гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Омӯзгорони муассисаи таълимӣ оид ба таърих, дастовардҳо ва хатмкардагони намоёнашон, аз ҷумла Ғарибшоҳ Шаҳбозов, собиқ раиси  вилоят, Қозидавлат  Қоимдодов, собиқ муовини Сарвазири мамлакат  ва  амсоли инҳо, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ва берун аз он нақши бориз доштаанд, маълумот доданд. Намояндагони маркази мазкур бо шароити таҳсили хонандагон шинос шуда, ба онҳо миқдори муайяни маводи таълимӣ тақдим намуданд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 216
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед