logo

сиёсат

ШИНОХТИ МИЛЛӢ. АЗ ХЕШТАНШИНОСӢ ТО ХУДОГОҲӢ

Шинохти миллӣ хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аст, маънои тафсири таърихи пурғановати гузаштаро дорад. Пайрезии воқеият шинохти миллиро дар пояи истиқлол густариш медиҳад. Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фарҳанг ҳастии миллат аст», «Тоҷикон дар ойинаи таърих» ва амсоли инҳо маҳз ба хотири баланд бардоштани савияи худшиносиву худогоҳии миллӣ таълиф гардидаанд, ки ба таҳкими истиқлол ва истиқлолиятхоҳӣ мусоидат менамоянд. Пешвои миллат чун муаррифгари таърихи гузашта, адабиёти миллӣ ва забони давлатӣ пояҳои шинохти миллиро бо истиқлол ҳамоҳанг намуданд ва нақши худро ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ба миён гузоштанд.
Роҳпаймоии мо дар шоҳроҳи истиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохт баҳри худшиносӣ барои худсозӣ аст. Афзунтарин мақоми истиқлол барои шинохти миллӣ дӯст доштан ва эҳтироми Ватан аст. Ватан пурҳикматтарин каломи рӯи Замин аст, дӯстдориаш на дар одоб аст ва на дар хок, дӯстдории Ватан дар дил аст, Ватан танҳо хоке нест, ки мо рӯи он зиндагӣ мекунем, Ватан мероси арзишҳои маънавӣ аст, ки аз ниёгон ба мо расидааст, яъне ҳам таърих, ҳам адабиёт ва ҳам забон. Ватан манзумаи арзишҳоест, ки симои ҳақиқии миллат ва шахсияти бузургашро месозад. 
Хештаншиносӣ шинохти воқеияти гузашта аст, ки тариқи пажӯҳишҳои муназзам, бо ҳавсала ва эҳтиёт, бо тасвири дуруст ба арзишҳои миллӣ бояд арҷ гузошт. 
Тоҷикистон баъди Истиқлолияти давлатӣ сарнавишти худро дар даст гирифт, фурсат ёфт ва фурсате ҳам дорад, ки ниҳодҳои ҷомеаро оҳанги пурарзиши миллӣ диҳад. Лозим аст, ки нерумандии миллӣ, равонӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ судманд эҳё гашта, дар кӯтоҳтарин муддат дастовардҳои маънавии ҷадид шинохта шаванд. Шинохти таҳаввулоти фарҳангӣ ба тариқи муқоиса бо рӯйдодҳои соири ҷомеа баррасӣ гардида, идеологияи миллӣ то азамат ва волоият тақвият ёбад. Шинохти осори фарҳангӣ дар муқоиса бо арзишҳои моддӣ коре аст, ки бояд анҷом пазирад. Истиқлол собит сохт, ки парастиши арзишҳои миллӣ низом ва оҳанги пешрафти ҷомеаро идора мекунад. Фарҳанг, ахлоқ ва маънавиёт дар густариши ҷомеа, бо вижаҳои миллӣ шинос намудани мардум ба маънии зиндагӣ дар роҳи худшиносӣ гом гузоштан аст.
Тоҷикистон пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ дар пайи эҷоди ниҳодҳое аст, ки арзиши миллиро тавсия медиҳанд. Имрӯз Тоҷикистон фарҳангофаринӣ ва маънавиётпарастиро чун рағбати миллӣ дониста, дар ҳаводиси пурошӯби сиёсии асри XXI ба эҳёи арзишҳои миллӣ шурӯъ кард. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки айёме кохи бузурги фарҳанг дошт, кӯшиш ба харҷ медиҳад дар низоми давлатдорӣ қудрат ва сурури тамаддуни хешро густариш диҳад. Ин таҳаввулот дар Тоҷикистони имрӯз дар шахсият аст. Роҳбари иқтидогаро ва қудратманд дар низоми мазкур муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте аст, ки дар бунёди ниҳодҳои давлатдорӣ нобиғаи сиёсӣ ва фарҳангист. Ҳамеша ва дар ҳама вазъ дар ҷодаи давлатдорӣ неруҳои фарҳангӣ ва маънавии гузаштаро дар амал тавсия медиҳад. 
Марҳилаи таърихие, ки Тоҷикистон давлатдории хешро тақвият мебахшад, дар давраи ҳассоси фикрӣ қарор дорад. Бояд ба он муваффақ шавем, ки бо ҳифзи суннатҳои фикрӣ арзишҳои миллии хешро такмил ва фарҳанги маънавии мероси гузаштаро бо мақсади такомули aқли имрӯз мавриди тавсия қарор диҳем.
Имрӯз Тоҷикистон баъди касби Истиқлолияти сиёсӣ амнияти фикрии мардумро таъмин намуд ва арзишҳои истиқлолро барои дарки онҳо тавсия дод. Маҳз тавассути баррасии арзишҳои истиқлол дар амал, хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ривоҷ ёфтанд ва ҷамъгароӣ ташвиқ гардид. Расонаҳои ҷомеаи имрӯз ва аҳли эҷод, ки мазҳари маънавиёти мардуманд, бештар таваҷҷуҳи мардумро ба шиносоӣ ва дарки воқеияти арзишҳои миллӣ ҷалб намуданд ва ҳаёти ҷомеаро аз ҷиҳати маънавӣ ва ахлоқӣ тараннум карданд. 
Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолии миллӣ рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро вусъат бахшид. Барои касби истиқлоли комили энергетикӣ ва саноатӣ талошҳои густурдаро анҷом дод. Дар асоси барномаҳои миллӣ асъори миллии хешро ба ҳаёт ворид сохт. Тоҷикистон дар гузашта вобастаи низоми сиёсию иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. 
Тоҷикистон бо тавсеаи тиҷорат бо дигар ҷумҳуриҳо ба мубодилаи пайдарпай пардохт ва тавонист тиҷорати кишоварзӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи худро ба даст оварад. Тавсеаи робита дар миёни ҷумҳуриҳо, дар навбати худ, дастбандиҳоеро дар миёни кишварҳои мустақил ба вуҷуд овард. Сарфи назар аз баъзе мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавзӯи муҳими рӯз густариши арзишҳои миллии гузашта дар дарёфти фалсафаи давлатдорӣ буд. Бо тақвияти қудрати арзишҳои миллӣ дар ҷомеа, афкори олӣ ва зариф ба миён меояд. Ҳар қадар сатҳи арзишҳои миллӣ дар ниҳодҳои давлатдорӣ вусъат ёфт, ба ҳамон қадар неъматҳои зиндагӣ афзунтар гардид.
Истиқлоли Тоҷикистон имрӯз аз нигоришҳои бунёдӣ, яъне истиқлол аз шинохт (ҳастишиносӣ) ва роҳшиносӣ иборат аст. Ин марҳила як давраи муқаддамотӣ барои сохтмони сарнавишт ба воситаи амали ихтиёрдошта аст. Ин давраи роҳшиносӣ (ҳастишиносӣ) собит кард, ки арзишҳои истиқлол метавонанд, огоҳии миллиро манбаи шинохт намоянд, зеро роҳнамои мо имрӯз шинохт аст, ки густариш меёбад ва аз ҳеҷ назар маҳдуд нест. Хитобҳои эҳсосӣ, ҳадафҳои сиёсидошта вобаста ба зиндагии мардум, ҳар чи қадаре авҷ гиранд, ҳамон қадар бухлу хусумат ва нотавонбинӣ ошкор мегарданд. Акнун медонем, ки ҳеҷ назарияпардоз, ҳар чи қадаре шиддат дошта бошад ҳам, наметавонад бигӯяд, ки истиқлол қудрату нуфуз надорад ва нақшофарини шинохти миллӣ нест.
Истиқлол шинохти миллӣ аст, барои мо, бақои мо, ҳастии мо, вуҷуди мо ва зиндагии мо. 
 
Каримҷон ҚОДИРОВ, ДМТ, профессор 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2021    №: 77    Мутолиа карданд: 563
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед