logo

иқтисод

МОИ «ДАНҒАРА». РОҲ БА СӮИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ НАЗДИКТАР МЕШАВАД

Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" чор корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.
 
Тавре Баҳром Миров, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, корхонаи истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративии «Ғаюр саноат», аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр саноат» бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарии Акмал Ғуломов бо маблағи 2,3 миллион доллари ИМА бунёд гардид. Ҳаҷми истеҳсоли он дар як сол 13,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар корхона рангҳо ва андоваҳои декоративӣ эмулсия, андоваи минералӣ (грунтовка), сатилҳои бандубаст барои маҳсулоти истеҳсолшуда, хокаи калсит, ки яке аз компонентҳои асосии истеҳсоли рангҳо ба ҳисоб меравад, бо сифати аъло, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона, асосан, барои содирот ва бозори дохилӣ равона мегардад.
Сипас, корхонаи конструксияҳои металлӣ «Ауфен», ки аз ҷониби ҶДММ «Ауфен» бо сармоягузории соҳибкорони Чин ва муҷаҳҳаз бо технологияи навтарини соҳа дар майдони чор гектар бунёд шудааст, ифтитоҳ ёфт. Роҳбарии корхонаро Руан Банжуан, соҳибкори чинӣ, ба уҳда дорад. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои иншоот 15 миллион долларро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхона коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ буда, ҳаҷми истеҳсоли солона дар коркарди металл 120 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот ба кишварҳои Афғонистон, Россия ва бозори дохилии Тоҷикистон равона гардидааст. Тибқи нақша 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Инчунин, дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара хати баландшиддати барқи 220 кВт ва зеристгоҳи 220/35/10 кВт, ки аз ҷониби ҶДММ «Ширкати осиёимиёнагии нафту газ ва ангишти (сармоягузории) Шенсӣ» мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Иқдом бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати осиёимиёнагии нафту газ ва ангишти Шенсӣ» - Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёди хати баландшиддати барқи 220 кВт ва зеристгоҳи 220/35/10 кВт) ба роҳ монда шуд. Масоҳати корхона як гектар буда, маблағи сармоя 23 миллион долларро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии он 250 мВт мебошад. Баъди пурра ба кор оғоз бахшидани корхона 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад. Самти фаъолияти он кашидани хати барқи 220 кВ аз НБО «Сангтӯда -1» ва зеристгоҳи «Шар – Шар» ва бунёди зеристгоҳи 220/35/10 кВт иборат аст.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии мазкур боз як корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении «Тоҷпласт-1» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуҷаббор Эсанов сохта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии он дар як сол 50 ҳазор метр қубурҳои гуногуни полиэтилении қутраш аз 16 мм то 500 мм мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот ва бозори дохилӣ нигаронида шудааст.
Сарвазири мамлакат, инчунин, дар деҳаи Рахшонзамини Ҷамоати деҳоти Корез маркази таълимию тиҷоратии «Яҳё», дар деҳаи Ҳусейншайхи ҳамин ҷамоат маркази хизматрасонӣ ва дар деҳаи Шаҳбури Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов маркази хизматрасонии «Шоҳзода» - ро ба истифода супурд.
Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Лоиқ Пирназарзода қомат афрохта, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаи якум тарабхона барои 100 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм се утоқ, меҳмонхона ва як утоқ барои нишасти меҳмонон сохта шудааст. Дар як канори бино китобхона, ошхона, нонвойхона ва як утоқи қабули меҳмонон бунёд ёфта, саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш гардидааст. Гулу дарахтони ороишӣ ва як фаввора низ ба он ҳусни дигар зам мекунанд. Дар сохтмони бино зиёда аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ва маоши хуб ҷалб шуданд.
Маркази хизматрасонии дуошёна дар деҳаи Ҳусейншайх бо саҳми шахси саховатпеша  Шокирҷон Гулзода  бо  сифати  баланд  сохта  шуд. Корҳои сохтмонии бино аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 0,60 гектар анҷом ёфт. Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якум ҳаммом, ҳавзи оббозии хурд, сартарошхона ва кошонаи ҳусн мавҷуд аст. 
Аз ҷониби соҳибкор ҷиҳати ҷалби занон ба касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар ошёнаи дуюми марказ коргоҳи дӯзандагӣ, порагарӣ бо ҷалби даҳ нафар ва толору меҳмонхона сохта шудааст. Саҳни ҳавлии бино сафолакпӯш шуда, бо гулу дарахтони ороишӣ оро ва ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ 200 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонда шудааст.
Маркази хизматрасонии «Шоҳзода» - ро бошад,  Файзхон Холов бунёд намуд. Иншооти ҷашнӣ дуошёна буда, масоҳати он 135 метри мукаабро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якум ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо чор ҳуҷра ва ҳашт кати хоб ҷойгир аст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар рафти ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ бо сокинон вохӯрӣ карда, онҳоро ба ободкорию созандагӣ, инчунин, оид ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин даъват кард.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2021    №: 77    Мутолиа карданд: 927
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед