logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Пирӯзии "Истиқлол" бар АГМК
Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷи-кистон дастаи «Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё – 2021 дар шаҳри Ар-Риёз (гурӯҳи «А»)   тими АГМК (Ӯзбекистон)-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. 
Тӯби якуми «Истиқлол»-ро футболбози сербтабори дастаи АГМК Йован Ҷокич (дақ. 45+1) иштибоҳан вориди дарвозаи дастааш намуд. Ду голи дигарро Манучеҳр Ҷалилов (дақ. 54) ва Муҳаммадҷон Раҳимов (дақ. 80) заданд. 
Ҳар ду тӯби дастаи АГМК-ро Зафар Полвонов (дақ. 57 ва 90+1) ба самар расонд. 
Дар рақобати дигари гурӯҳ бошгоҳи «Ал-Ҳилол» бар дастаи «Шабоб ал-Аҳлӣ» бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Ҳамин тавр, пас аз ду давр «Истиқлол» ва «Ал-Ҳилол» бо касби 4-имтиёзӣ пешсафони гурӯҳашон мебошанд. Тимҳои «Шабоб ал-Аҳлӣ» ва АГМК якхолӣ доранд. 
«Истиқлол» бозии сеюмашро бо қаҳрамони секаратаи ин мусобиқот  дастаи «Ал-Ҳилол» (21 апрел) доир мекунад.
 
XI НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ
Ҳафт давандаи тоҷикистонӣ мақомҳои ифтихориро 
касб карданд
Дар XI Ниммарафони байналмилалии Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон, миёни мардҳо) ва Даря Маслова (Қирғизистон, байни бонувон) пирӯз гардиданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, ба шаш ҷойи ифтихорӣ ҳам миёни мардон, ҳам миёни бонувон ҷоизаҳои пулӣ тақдим шуд.
Зинаҳои дигари ифтихориро байни мардон Ҷилма Тилаҳум (Эфиопия), Адлет Қиштаубеков (Қирғизистон), Ғайрат Олимов, Меҳроб Одинаев ва Аъзамҷон Давлатов (ҳама Тоҷикистон) ишғол намуданд. Миёни бонувон бошад, Вероника Гришина (Ӯзбекистон), Зулҳиҷа Ғаффорзода, Маҳина Баротова, Раҷабмоҳ Абдуллоева ва Нодира Мирзоева (ҳама Тоҷикистон) касб карданд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 231
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед