logo

Хабарҳо

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ба мо хабар дод. 
Бинобар иттилои пешниҳоднамудаи ӯ “инҳо Панҷакенти Қадим, Шаҳраки Санҷаршоҳ, Шаҳраки Ҳисорак, Гардани Ҳисор, қалъаҳои Муғ ва Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Токсанкорез ва мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро мебошанд. Ёдгориҳои мазкур дар Шоҳроҳи бузурги таърихии Абрешим, дар долони Зарафшон - Қайроқум ҷойгиранд ва аз ҷониби бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқ ва ҳафриёт шудаанд. 
Ҳоло аз ҷониби коршиносон ҷиҳати ба Феҳристии асосии ҷаҳонии фарҳанги ЮНЕСКО шомил намудани ин иншоот корҳои мукаммалгардонии номинатсияҳо, тармиму барқарор ва ба талаботи ЮНЕСКО мутобиқ намудан идома дорад.
Зимнан, то ин дам аз ёдгориҳои ғайримоддии кишвар Саразм ва Парки миллӣ ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидаанд.
 
 
«АРГУС»
Барои таъмири он барномаи нави давлатӣ қабул мегардад
Интизор меравад барои пурра барқарор намудани реактори ҳастаии «Аргус» - и Институти физикаву техникаи АМИТ барномаи давлатӣ қабул гардад. 
Тавре Фарҳод Шокир, директори институти мазкур зимни суҳбат бо мо гуфт, барномаи нав, ки мақсади асосии он барқарор ва минбаъд ба мақсади осоишта ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода намудани он мебошад, аз ҷониби мутахассисон омода ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қаблан барои барқарор намудани реактор Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори «Аргус» барои солҳои 2016-2020 қабул ва мавриди амал қарор дошт. Муҳлати барнома ба охир расида бошад ҳам, пурра иҷро нашуд. Акнун олимон нақша доранд дар доираи барномаи нав корҳои таъмир ва барқарорсози реакторро идома диҳанд. 
 
 
МУШТАРӢ, ЗУҲАЛ, УРАН ВА НЕПТУН
Олимони рус қасди парвоз ба ин сайёраҳоро доранд
Олимони Институти таҳқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Россия нақша доранд  ба саёраҳои Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун парвоз намоянд. 
Онҳо нақшаҳои худро дар ин самт тавассути дастгоҳи муҳаррики ҳастаии кайҳонӣ, ки дар кишвар омода шудааст, пиёда намуданианд. Дар ин бора роҳбари илмии институти мазкур Лев Зелёний ба Известия.ru иттилоъ додааст.
- Ҳоло сухан атрофи дастгоҳи кайҳоние меравад, ки метавонад Системаи офтобиро нисбат ба дастгоҳи кайҳонии ИМА - Voyager дар муддати камтар аз 40 сол  давр занад, - илова намудааст Зелёний.
Олимон ба ин восита мехоҳанд аз сайёраҳои азимтар, ки то ҳол ба онҳо парвозҳо анҷом напазируфтааст, дидан намоянд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 234
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед