logo

Хабарҳо

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод дар мавзӯи «Пешгирии раванд ва ҳолатҳои номатлуб дар миёни наврасону ҷавонон ва занону духтарон» семинар – машварат доир гардид.
 
Семинар - машваратро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Акбарзода Назрвалӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ин ноҳияи дурдасти кишвар хайрамақдам намуд.
Сипас, раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ба сухан баромада, зикр намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод дар рушди ваҳдати миллӣ, мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ азму иродаи қавӣ зоҳир менамоянд. Сокинони ноҳия ҳамроҳ бо халқи азизи кишвар бо ҳидоятҳои зиндагисози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиставу арзанда истиқбол гирифта, ба ин васила дар тарбияи фарҳанги сиёсӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллии ҳар сокини ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам аз роҳи тӯлонӣ ва пурмашаққати  расидан ба ваҳдати миллӣ ва ин рӯзҳои осоишта, саҳми Пешвои муаззами миллат дар истиқрори  сулҳ, вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат ва ҷавонон дар корҳои ободонии кишвар сухан ронд.
-  Рисолати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки баробари густариши раванди сулҳу субот, дар эҳёи ҷомеаи мутамаддин мардумро роҳнамо бошад, - таъкид намуд Рудобаи Мукаррам.
Дар баромади  муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Абдулмаинзода зикр гардид, ки  занону духтарон қишри зиндагисоз буда, чигунагии афроди ҷомеа ба рисолати накуи зан-модар ҳамчун тарбиятгари насли созанда вобаста аст. Аз ин рӯ, барои соҳибмаълумот намудани духтарон бо истифода аз квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби занон ба корҳои роҳбарикунанда диққати хосса бояд зоҳир гардад.  
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ моро вазифадор месозанд, ки ба тарбияи ҷавонон бештар диққат диҳем. Таъкидҳои Пешвои миллат: - «Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи бузурги кишвар мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани Меҳани аҷдодӣ талош варзанд», - бояд шиори раҳнамунсози ҷавонон бошанд.
 
Дилшод АМИРОВ,  
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 261
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед