logo

Хабарҳо

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

Тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Паём – 2021
Дар бораи сабабҳои пайдоиш, нишонаҳо ва роҳҳои пешгириву табобати бемориҳои хоси мардон – простатиту аденома, заъфи неру журналист Фармони Ҷӯрақул бо номи «Мард бояд тандуруст бошад» китобе таҳия ва нашр намудааст. Мусаннифи китоб дар оғози ҳар фасл фикру андешаҳои донишмандону пизишконро оид ба ин маризиҳо мухтасар баён карда, баъд аз он ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемориҳо дорухатҳо – тарзи тайёр намудани хӯришҳо, нӯшобаҳо, салатҳо ва ғизои парҳезиро  аз хазинаи тибби мардумӣ манзури хонанда менамояд. Дар пешгуфтори китоб, ки ба қалами Ҷаҳони Азонзод, доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, мутааллиқ аст, чунин омадааст: таҳиягар андешаҳои саромадони тибби Машриқзамин – Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигаронро мисол оварда, зикр намудааст, ки давои бемориҳои зикргашта танҳо доруҳои кимиёвӣ набуда, ҳамчунин, гиёҳҳои шифобахши диёри офтобиамон ва гулу баргу меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон мебошанд. 
Мураттиб аз китобҳои «Хазинаи тибби қадим» ва «Канзи шифо» - и Ҳомидҷон Зоҳидов, «Гиёҳнома» - и Абумансури Муваффақ, «Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ» - и Ҷаҳони Азонзод ва аз асару мақолаҳои гиёҳшиносон Трейси Брайан, Н.И. Даников, В.Б. Зайтсев, С.С. Коновалов, Тавфиқхон Қодирӣ, натиҷаҳои фаъолияти илмиву амалии пизишкони дараҷаи олӣ Икроми Рофеъзода, Сайфиддин Осимӣ ва дигарон фаровон истифода бурда, роҳҳои табобати бемориҳоро бо овардани далелҳои зиёд асоснок кардааст. Масалан, дар банди «Табиат мекунад моро табобат» тазаккур медиҳад, ки сиҳатӣ ва неруи бадан аз ғизои солим аст ва сабзавоти тару тоза ва меваҳо дар дармони газаки ғадуди зери масона давои беназиранд. Истеъмоли пиёзи сабз, каду ва тухми он, настаран, ҷаъфарӣ, гулҳои бобуна, қоқу, шибит, чойкаҳак, ширинбия, ҳулбӯй, чилбуғум, зуф, явшон, сиёҳдона, гандуми нешзада, шалғам, шалғамча, помидор, сабзӣ, лаблабу ва афшураи он, сабир (алоэ), газна (крапива), лухи обӣ ва решаи он, чормағз, писта, бодом, арахис, мавизи сиёҳ, себ, нок, хурмо, решаҳои зарингиёҳ (зарбех), одамгиёҳ, ҳамаи маҳсулоти занбӯри асал ва дигар анвои табиат аз рӯи меъёр бошад, инсон ба табиб рӯи ниёз намеорад. Яъне, чи тавре ки пизишки бузурги Юнони Қадим Ҳиппократ гуфтааст: «Ғизои шумо бояд давои шумо ва давои шумо ғизои шумо бошад». 
Китоб дар партави ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тандурустии шаҳрвандон, устувории оила таҳия шуда, мутолиаи он барои намояндагони ҳамаи синну сол аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Саломатии ҳар кас, пеш аз ҳама, дар дасти худаш аст, китоб дар ин маврид танҳо ёру ёвари беғараз буда метавонад. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 249
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед