logo

Хабарҳо

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар майдони 800-солагии Москва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе”, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.
 
Ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр, нахуст сокинону меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони ноҳияҳои пойтахт омода шуда буд, дидан намуда, ба косибону ҳунармандон ҷиҳати омодасозии маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили сӯзанидӯзиву попурзанӣ, чакану гулдӯзӣ, сангтарошиву шишабандӣ, кулолгариву мисгарӣ баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинӣ Амирхон Қурбонзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба Рӯзи пойтахт муборакбод гуфт.
Гуфта шуд, ки ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии сокинони пойтахт корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ, ки то имруз гузаронда шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд. Нахуст туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ғолибони Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе-2021 дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Дар идома, ғолибони озмуни соҳаи маориф ҳавасманд гардонда шуда, дар ин росто мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол - 2020» дониста шуда, бо маблағи 10 000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.
Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол - 2020”, омӯзгори фанни химияи муассисаи таълимии давлатии титсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби даври шаҳрии озмун шуда, соҳиби 10 000 сомонӣ ва диплом шуд.
Дар озмуни «Хонандаи сол» бошад, ҷоиза дар ҳаҷми 6 000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин супорида шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” ҳавасманд гардиданд.
Дар ин бахш коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ” ғолиби озмуни “Беморхонаи сол” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонда шуд.
Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №13” ғолиби озмуни “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол” эълон гардида, бо 10 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби сол” -  Фирдавс Хоҷаев, табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №15”, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби оилавии сол” - Шоира Абдуллоева, табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №15”, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва Хуршеда Азизова, ҳамшираи тиббии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Фаъолияти самрабахши кормандони соҳаи нақлиёти пойтахт низ натиҷагирӣ шуда, дар озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиётӣ» Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» мақоми аввал ва соҳиби 5000 сомонӣ, ҶДММ «Талко Персия» зинаи дуюм, соҳиби 3000 сомонӣ ва ҶДММ «Беҳруз-15» ҷойи сеюм ва соҳиби 2000 сомонӣ гардиданд.
Ғолиби озмуни «Беҳтарин ронанда» Бобоҷон Қурбонов - Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2» дониста шуда, бо 3000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид. Зинаи дуюм насиби Талабшоҳ Ҳамидов-  ҶДММ «Сорбон-14» гардида, сазовори 2000 сомонӣ ва диплом дониста шуд. Мақоми сеюмро Акбар Ҳалимов - ҶДММ «Саёҳон» касб кард ва бо 1000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.
Дар чорабинӣ, инчунин, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 170 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки ҳамчун барандагони стипендияи раиси шаҳр барои соли таҳсили 2020 - 2021 муайян шудаанд, ба ҳар кадоме барои 9 моҳи соли хониш дар ҳаҷми 2700 сомонӣ ва шаҳодатномаҳо тақдим шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли санъати кишвар бо барномаи калони фарҳангӣ иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардонданд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 262
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед