logo

Хабарҳо

МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Тариқи видеоӣ машварати сиёсии муовинони вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи кишварҳои Вишеград (Лаҳистон, Маҷористон, Словакия ва Чехия) ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин муколама муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.
Дар рафти он ҷонибҳо роҷеъ ба масоили таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гуфтугӯ намуданд.
Ҳамзамон, амалисозии роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, барқарорсозии иқтисодиёт дар пасманзари ҳамагирии COVID – 19 ва амнияти минтақавӣ матраҳ шуданд.
 
 
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ РИВОҶИ ҲАМКОРИҲО 
Равнақу ривоҷи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон  дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо гурӯҳи намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии корпоратсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисоди хориҷии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳангоми вохӯрӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ тамоми имконотро фароҳам оварда, дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардониҳои  зиёд муқаррар шудааст.
Ҳамзамон, ба соҳибкорони рус  доир ба самтҳои  афзалиятноки сайёҳӣ дар кишвар,  аз ҷумла  сайёҳии зимистона, лижатозию солимгардонӣ, экологию табобатӣ, аграрӣ ва гастрономӣ, маълумот дода шуд.
 
 
ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО МАТРАҲ ШУДАНД
Дар шаҳри Москва мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо президенти Палатаи савдо ва саноати ФР Сергей Катирин доир шуд. 
Тарафҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Россия мубодилаи афкор намуданд.
Имомуддин Сатторов ва Сергей Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади табодули таҷрибаи соҳибкорони ду давлат таъкид карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиашонро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва сармоягузорӣ изҳор доштанд.
 
 
МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ СОҲАИ ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН 
Дар пойтахти кишвар вохӯрии сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, муовини якуми сардори хадамот Идибек Қадамов бо директори Агентии рушди соҳаи фарматсевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Кариев, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Алимов ва намояндаи ширкати “Маримед”-и Ӯзбекистон Абдувоҳид Ваҳобов баргузор шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарматсевтӣ, аз ҷумла инкишофи саноати дорусозӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мусоидат барои бақайдгирӣ ва муомилоти маводи дорувории тарафҳо, матраҳ гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 344
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед