logo

ҳуқуқ

СҲШ. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОЛО МЕРАВАД

Таъсиси созмонҳои минтақавӣ ё байналмилалиро дар миқёси ҷаҳон зарурати таърихӣ ва талаботи воқеӣ ба миён меорад. Зеро дар лаҳзаҳои муайяни вақт гурӯҳи давлатҳо дар қолаби як ниҳоди қавӣ бо ҳам иттиҳод баста, бо талошҳои муштарак, кӯшишҳои ҳамоҳанг ва муборизаи якҷоя бо мавҷи хушунат ва дигар таҳдиду хатарҳо, ки аз нигоҳи ҷуғрофияи паҳншавӣ хусусияти глобалӣ пайдо намудаанд, вориди амал мегарданд. Дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бо симову мақоми хоси худ зуҳур намудани Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳамин дидгоҳ асос ёфтааст. 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раёсати ин созмони байналмилалиро дар давраи махсус - 20 - солагии таъсиси СҲШ ба уҳда дорад, маҷмӯи зиёди чорабинӣ, иқдомот ва тасмимгириҳои навро ба нақша гирифтааст, ки татбиқи онҳо ба таҳкими фаъолияти созмон мусоидат хоҳанд кард. Кишвари мо дар сиёсати бонизоми хориҷии худ СҲШ - ро арсаи ояндадори ҳамбастагӣ баҳри ҳалли чолишу мушкилоти минтақавӣ шумурда, ҳамеша ба таҳия ва истифодаи механизмҳои таъсиргузор барои амалӣ намудани санаду ҳуҷҷатҳои дар сатҳи роҳбарони давлатҳои узви ин созмон қабулшуда таъкид меварзад. Чунки самаранокии фаъолияти ҳар ниҳоди минтақавӣ ё байналхалқӣ ба ташаккули ҳуҷҷатҳои низомномавӣ, санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии онҳо алоқаманд мебошад. 
Агар ба таърихи 29 - солаи созмон назар афканем, равшан мегардад, ки кишварҳои аъзо самтҳои бунёдии ҳамгироиро оянданигарона мушаххас сохта, ғояҳои аслии ин ниҳоди ҷаҳониро ба арзишҳои абадзиндаи дӯстӣ, баробарӣ, эҳтироми мутақобил, ободӣ, осоиштагӣ, ҳифзи сулҳу субот, ҳамсоягии нек, оромӣ ва ҳусни тафоҳум тавъам намудаанд. 
Ҷаҳони печидаи имрӯза, ҳамзамон, бо пешрафту тараққиёт дучори як зумра масъалаву монеаҳое мегардад, ки кишварҳои дунё бо такя ба имконияту захираҳои дохилидавлатиашон дар танҳоӣ ва ё мустақилона иқтидору тавони ҳалли онҳоро надоранд. Дар минтақае, ки ба доираи масъулияти Созмони ҳамкории Шанхай дохил аст, қабл аз ҳама таҳдиду хатарҳои амниятӣ, мавҷи хавфноки ифротгароӣ, ҷинояткории наздимарзӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии аслиҳаву маводи мухаддир, истифодаи харобкорона аз манбаъҳои интернетӣ саривақтӣ ва мақсаднок будани ҳадафҳои таъсисёбии ин ниҳоди соҳибэътибори байналмилалиро собит месозад. 
Агар бист сол пеш Созмони ҳамкории Шанхай таъсис намешуд, табиист, ки дар сатҳи минтақа норасоии як механизми ҳамгироӣ, майдони муколама ё худ набудани унсури мутамарказ ва ҳамоҳанг намудани имкониятҳои давлатҳо баҳри ҳалли мушкилоти фаромиллӣ эҳсос мегардид. Бинобар ин, бо гузашти бист сол аз пойдории СҲШ бо эътимод метавон тазаккур дод, ки таъсиси ин созмон амри зарурӣ ва тақозои замон буд ва таҷрибаи андӯхтаи он баҳри тақвият додани кӯшишу талошҳои муттаҳидонаи давлатҳои аъзо, инчунин, дарёфти роҳҳои боз ҳам пурсамари амалисозии ҳадафҳои пешгузошта мусоидат хоҳад намуд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон СҲШ - ро «созмони нодиру дилхоҳи замон» баҳо дода, ҳамеша ба «таҳкими иқтидори созмон тавассути такмили минбаъдаи фаъолият» ва «бештар гардондани неруву имкониятҳо» - и он таъкид менамоянд. Ба ҳамин монанд Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон ҷойгоҳ ва мақому эътибори торафт тақвиятёбандаи Созмони ҳамкории Шанхайро чунин воқеънигароёна ва нуктабинона баён доштанд:
«Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад».
Тавре зикр кардем, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раёсаташ ба СҲШ бо иқдому ташаббусҳои тоза, хусусан дар самти таҳкими суботу амнияти минтақа, шукуфоиву пешрафти кишварҳои узв, истифодаи усулҳои дипломатӣ ва дастаҷамъӣ дар ҳалли мушкилоти печида, ҳамкорӣ барои беҳбудии рӯзгори иҷтимоии аҳолии минтақаи масъулияти созмон, қадамҳои боварибахш гузошта истодааст, ки аз сиёсати тадбирҷӯёна ва раёсати муваффақонаи кишвари озоду мустақили мо дар ин созмони бонуфузи амалкунандаи арсаи робитаҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
 
Сӯҳроб РУШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2021    №: 78    Мутолиа карданд: 767
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед