logo

Хабарҳо

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

Анадолу. Тавре Раиси парлумони Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ изҳор намуд, Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон барои халқи афғон шонси таърихӣ маҳсуб меёбад.
Бино ба гуфтаи ӯ, конфронси қарибвуқӯъ дар Туркия ба қатъи ҷанг ва роҳҳои ҷустуҷӯи ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистон умед мебахшад. Инчунин, ҳамраъйии минтақавию байналмилалӣ ва омодагии ҳайати Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон барои иштирок дар  Конфронси Истанбул, эҳтимолияти расидан ба сулҳ ва қатъи хунрезиро, ки дар кишвар 40 сол боз идома дорад, меафзояд.
Раҳмонӣ таъкид кард, ки дар баррасии масъалаи мазкур бояд намояндагони ҳаракати иртиҷоии «Толибон» низ иштирок намоянд.
 
ХФА коргоҳҳои махфии аслиҳасозиро ошкор намуд
ТАСС. Хадамоти федералии амнияти Россия дар 21 минтақаи мамлакат 55 коргоҳи махфии аслиҳасозиро ошкор сохта, аз онҳо 220 яроқ мусодира намуд ва 27 коргоҳро маҳв кард. 
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки дар пайи амалиёти муштараки ХФА, ВКД ва Росгвардия аз гардиши ғайриқонунӣ 222 аслиҳаи оташнишони хориҷӣ ва ватанӣ мусодира гардид. Инчунин, ХФА роҷеъ ба қатъи фаъолияти 27 коргоҳи  махфӣ оид ба такмили яроқ ва истеҳсоли муҳимоти ҷангӣ хабар додааст.
 
 
Қазоқистон. Тасдиқи як созишнома
КазТАГ. Бино ба хабари Хадамоти матбуоти Президенти Қазоқистон, Сарвари давлат Қосим-Жомарт Токаев қонунро дар бораи тасдиқи  Созишномаи давлатҳои ИДМ роҷеъ ба таҳвили иҷрои ҷазое, ки марбут ба маҳрум кардан аз озодӣ нест, ба имзо расонд.
Тибқи гуфтаи таҳиягарон, ба тасвиб расидани ин қонун мусоидат менамояд, то ашхосе, ки  дар ин ё он кишвари ИДМ қонуншиканӣ кардаанд, ба зодгоҳашон баргардонда шаванд ва ба ҳаёти комили худ  оғоз бахшанд.
Тасдиқи қонун ба барқарорсозии асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ  ва тавсеаи ёрии мутақобила дар соҳаи иҷрои ҷазоҳои ҷиноятие, ки марбут ба маҳрум намудан аз озодӣ нестанд, равона мешавад.
 
 
Роҳбари СҶТ таҳти назорат қарор додани коронавирусро имконпазир медонад
INTERFAX.RU. Ба ақидаи сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  Тед-рос Гебрейесус, ояндаи наздик метавон паҳншавии пандемияи коронавирусро боздошт.
- Агар мо васоити дар ихтиёрдоштаамонро мунтазам ва оқилона истифода барем, бешубҳа, моҳҳои наздик метавонем ин бемориро таҳти назорат бигирем,- гуфт сарвари СҶТ дар нишасти мабуотӣ.
Ҳамзамон, ӯ аз паҳншавии коронавирус миёни шахсони аз 25 то 59-сола изҳори нигаронӣ намуд.
Чуноне гуфта мешавад, табиб – эпидемиологи СҶТ Мария Ван Кейркхов болоравии теъдоди сироятшудагон ба коронавирусро миёни синну солҳое, ки дар онҳо пештар ба назар намерасид, тасдиқ кардааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 264
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед