logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

Аввалин ғалабаи дастаи "Душанбе" дар мавсими нав
Бозиҳои даври 3-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар ин давр дастаи «Душанбе» дар майдонаш бар тими «Хатлон» бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, - хабар доданд аз Лигаи футболи Тоҷикистон.
Бошгоҳи «Хуҷанд» бошад, тими КМВА-ро бо натиҷаи 2:0 шикаст дод.  
Натиҷаи бозиҳои боқимонда:
«Эсхата» – «Равшан» – 1:1;
«Файзканд» – «Кӯктош» – 3:1
Ҳамин тариқ, пас аз се давр тимҳои «Хуҷанд» ва «Файзканд» бо касби 7-имтиёзӣ дар садри ҷадваланд.
Дар даври чоруми чемпионат «Истиқлол» бо «Хатлон», КМВА бо «Душанбе», «Истаравшан» бо «Файзканд» (24 апрел), «Равшан» бо «Хуҷанд» ва «Кӯктош» бо «Эсхата» (25 апрел) бозӣ мекунанд.
 
 
Истеъфои сармураббии бошгоҳи КМВА
Сармураббии дастаи КМВА Алиёр Ашӯрмамадов баъди се бохти пайиҳам дар оғози мавсими нави футбол ба истеъфо рафт, - иттилоъ доданд аз дастаи мазкур. 
Ба ҷои ӯ Файзалӣ Давлатов дастаро роҳбарӣ хоҳад кард.
 
 
Лигаи чемпионҳо дар формати нав мегузарад
Тибқи қарори ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи УЕФА, шурӯъ аз соли 2024 формати баргузории Лигаи чемпионҳо тағйир меёбад. 
Бар пояи сомонаи Deutsche Welle, дар шакли ҷадид ба ҷои 32 даста 36 тим бидуни тақсим ба гурӯҳҳо миёни ҳам рақобат мекунад ва 8 бошгоҳи беҳтарин ба даври плей-офф роҳхат мегирад.
 
 
ТЕННИС
Рублёв шикаст хӯрд
Ракеткаи панҷу-ми ҷаҳон Стефанос Тситсипас дар вохӯрии финалии мусобиқаи АTP Мастерс (Монте-Карло) теннисбози рус Андрей Рублёвро дар ду сет бо натиҷаи якхелаи 6:3 мағлуб намуд.
Бар пояи маълумоти сомонаи sport.ru, ин шашумин ҷоиза барои Стефанос ба ҳисоб меравад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 392
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед