logo

Хабарҳо

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

Мо мисли ҳамеша, сидқан, ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистон мебошем. Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.
Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баён намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи дӯсти Афғонистон талош меварзад, то ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишварро, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ба сатҳи боз ҳам баландтар барорад. 
- Мо кӯшиш хоҳем кард, ки ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID – 19 нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем, - афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо басе муҳим аст.
Мавсуф  роҷеъ ба вазъи илму маориф ибрози андеша намуда, афзуд, ки мо омодаем ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва иҷтимоиро ба сатҳи нав барорем.
 
 
БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РВКД ВМКБ 
Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҷузъу томҳои раёсати ВКД дар ВМКБ дидан карда, бо ҳайати шахсии ин раёсат вохӯрӣ намуд. 
Рамазон Раҳимзода бо шароити хизматбарии кормандони милитсия шинос шуда, зикр кард, ки ҳайати шахсӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд ҳамеша омода бошад.
Дар мулоқот аъзои ҳайати шахсӣ изҳор доштанд, ки тамоми шароити зарурии хизмат фароҳам буда, тамоми саъю кӯшиши хешро баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ВМКБ равона  хоҳанд кард.
 
 
МАШВАРАТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНУ НИДЕРЛАНД
Тариқи видеоӣ  даври дуюми машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид.
Дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, маориф, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароиву терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Атрофи мавзӯоти мубориза алайҳи COVID – 19 ва таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, ҷонибҳо мавзӯъҳои равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавиро матраҳ намуданд. Дар ин росто, мусоҳибон аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобила дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати ташкили бомуваффақияти Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки 22 - 24 марти соли 2023 (Ню-Йорк) дар назар аст, изҳор доштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 328
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед