logo

иҷтимоиёт

КӮР ЯК БОР АСОЯШРО ГУМ МЕКУНАД! БА ГУМРОҲОНЕ, КИ САНГ СӮИ МИЛЛАТ МЕАНДОЗАНД

Ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта дар кишвар бо пош хӯрдани давлати шӯравӣ нобасомониҳо рух доданд. Дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Душанбе садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид. Ин садо ҳодисаи маъмул гашта буд. Аз хона баромадан хатар дошт, таваккал ба кӯча мебаромадӣ, гумон буд, ки саломат ба хона баргардӣ ё на.
 
Ману ҳамсарам дар манзили худ мезистем. Ду зани руси ҳамсоя низ аз тарси ҷон дар хонаи мо паноҳ бурда буданд. Яке аз онҳо Е. Е. Рассолова сардори шуъбаи бонки ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино), дигарӣ Т.И.Баум момодоя, ки шавҳари олмонӣ дошт, буданд. Дар хона маводи ғизоӣ надоштем, ҳайрон ва низор менишастем. Баногоҳ садои зангӯлаи дар садо дод. Аз чашмак нигаристам, ки пушти дар ду марди тоҷик истодаанд. Занҳо аз тарс илтиҷо мекарданд, ки дарро накушоям. Ҳар чи бодо бод, гӯён дарро во кардам.
Яке худро Қурбон, аз ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) муаррифӣ кард. Гуфт, ки хоҳарам бемори вазнин асту дар ноҳия духтур намондаст. Ошное «адреси» (нишонии) шуморо дод. Ҷон, акаҷон, илтимос бо мо ба ноҳия равем.
Ҳамсар ва занҳои ҳамсоя барои рафтанам монеъ шуданд. Фаҳмондам, ки инҳо ҳам ночор монда, ба назди ман омадаанд.
Ба мошини онҳо савор шудему бо роҳи канори пойтахт - кӯчаи Карамов ба роҳ баромадем. Зеро аз маркази шаҳр садои тирпарронӣ шунида мешуд. Дар чорроҳаи донишгоҳи кишоварзӣ як даста ҷавонони силоҳдор мошинро манъ карда, моро фуроварданд. Вазъиятро фаҳмондам. Бачаҳо ночор иҷозати ҳаракатро доданд. Таъкид карданд, набошад дар ягон  ҷои мошин,  ягоп  пора латаи сафед бандед. Хушбахтона, рӯймолчаи сафеде доштам ва як гӯшаи онро дар сими антенаи мошин бастам. Мувофиқи  маслиҳат бо роҳи кӯчаи Дӯстии халқҳо роҳамонро идома додем.
То ба шаҳри Ваҳдат расидан дар роҳ боз дар ду - се дидбонгоҳ моро нигоҳ доштанд. Чун мефаҳмиданд, ки куҷо ва барои чи меравем, рухсат медоданд.
Дар беморхонаи шаҳр ягон духтур набуд. Ҳамаро барои ёрӣ ба захмдоршудагон, ба шаҳри Душанбе сафарбар карда буданд. Ҳамшираи тиб маро ба палатаи (ҳуҷраи) бемор раҳнамоӣ намуд. Дар он ҷо зани зебои ба тахмин 25 - сола беёд мехобид. Муоина гузарондам, маълум шуд, ки бемор ба илтиҳоби шадиди пардаи майнаи сар (менингит) мубталост. Дар берун ба наздикон вазъияти беморро фаҳмондам.
Ҳангоми бозгашт аз бозори шаҳри Ваҳдат дидан кардем. Дар як бозори калон фақат як кас сабзӣ мефурӯхт. Аз он кас сабзӣ харидам. Аз пули дарёи Кофарниҳон гузаштем. Чашмам ба дари нонвойхонае афтид, ки во буд. Нонвой гуфт: "Ака танҳо 3 дона нони сӯхтагӣ дорам". Гуфтам, мешавад. Ман он нонҳоро чун гавҳараки чашм, боэҳтиёт дар ҷузвдони хеш ҷо кардам.
Дар маҳаллаи ДОК - и шаҳри Душанбе мошини моро сарбозони рус манъ карданд. Баъд аз тафтиш рухсати ҳаракат доданд.
Бародарон маро сиҳату саломат ба хонаам расонданд. Аҳли байт маро бардам дида, бо оби дидаву хушҳолӣ истиқбол гирифтанд. Зеро онҳо ба баргаштанам бовар надоштанд. 
Се рӯз кам - кам сабзиҳоро ҷӯшонда, бо нон истеъмол кардем.
Он рӯзҳои ноамнӣ пои пиёда соатҳои 9 дар ҷои кор ҳозир мешудам ва соатҳои 11 - 12 ба хона бармегаштам. Дар шуъбаи бачагонаи беморхона, ки 45 кат дошт, 6 - 7 кӯдаки бемори вазнин доштем. Дар шуъбаи калонсолон аксарият ярадорон бистарӣ буданд.
Ҳамсояам Е. Е.Рассолова ба зудӣ хонаашро фурӯхта ба шаҳри Москва кӯчид. Баум Яков мошини сабукрави «Жигули» ва хонаашро фурӯхт. Бору бандашро ба контейнер бор карда, тавассути қатора ба Германия роҳӣ кард. Ва худаш низ Тоҷикистонро тарк гуфт.
Баъд аз 6 моҳ Баум аз Германия занг зада гуфт, ки анҷомҳояш наомадаанд. Ман аз роҳиоҳанчиён ҷӯё гаштам. Гуфтанд, як гурӯҳ силоҳдорон омада контейнерҳоро шикаста, бору анҷоми онро ғорат карданд.
Соли 1998 Бауми олмонӣ ба Душанбе омад ва ду шаб дар хонаи мо меҳмон шуд. Сабаби омаданашро фаҳмидам. Вай нияти бозгашт ба Душанберо доштаст, аммо вазъиятро дида ашк рехт ва гуфт: «Обод шудани ин кишвари зебо дар гумон аст...». Баум дилу бедилон Душанберо тарк намуд...
Ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор одамонро бехонумон кард. Сухан на танҳо дар бораи тоҷикон, балки дар бораи дигар халқиятҳо низ меравад, ки дар Тоҷикистон мезистанд. Онҳо ночор Тоҷикистонро тарк мекарданд. Афсӯс мехӯрданд, ки аз чунин ҷойи ободу зебо, беҳтарро намеёбанд. Аммо чи чора...
Вазъият ҳамоно нотинҷ буд. Табибон ва ҳамшираҳои шафқат намерасиданд. Дуздӣ дар шаҳр зиёд буд. Яке аз рӯзҳо зане тарозуи беморхонаро, ки бо он вазни беморонро месанҷидем, бароварданӣ шуд. Вақте посбон хост ӯро аз ин роҳ баргардонад, вай гуфт: «Тарозӯи худам ҳаст...». Муайян шуд, ки он тарозуи коргоҳ будааст.
26 декабри соли 1996, соати 9 - и шаб ба хона баргаштам, ки дар хона дуздҳо будаанд. Омаданамро фаҳмида, аз тиреза парида гурехтанд. Ба ҳуҷра даромада бинам, дар болои миз як қолин аст. Милисаҳоро даъват кардам, онҳо омада панҷараи хонаро часпонда гуфтанд, ки ариза нависед. Муҳим гуфтам, ки ягон чизро имкон наёфтанд, ки бубаранд...
Ҳамин хел, мисли ҳарвақта ба кор мерафтем. Рӯзе фармуданд, ки ҳамроҳи ҷарроҳи асаб Самад Давлатов ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) биравем. Падари яке аз фармондеҳон бемор будааст. Ронандаамон ҷавон буду бо суръати баланд мошин меронд. Ҳар замон таъкид мекардам: «Оҳиста ҳай кун». Ӯ дар посух ироа мекард: «Мо бо камандир дар 40 дақиқа ба Душанбе мерасем». Ба ӯ гуфтам, ки мо духтурем. Сухан ба ӯ таъсир намекард.
Ба Қӯрғонтеппа расида, беморро муоина кардем. Дар бозгашт ҳамон ронанда мошинро бо суръати баланд меронд. Дар ағбаи Фахробод корманди БДА ишорачӯбашро боло кард. Ронанда эътибор надода ҳаракаташро идома дод. Дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе кормандони бозрасӣ мошинро манъ карданд. Аммо ӯ боз наистод. Ҳамин асно садои тир баланд шуд. Ронандаро маҷбур кардам, ки мошинро дорад. Аз мошин фуромадем. Борони майда меборид. Се нафар корманди бозрасии мусаллаҳ давида омаданд. Яке аз онҳо капитан Сафаров - ҳамсояам маро шинохт. Ӯ маро дида гуфт: «Ако умратон дароз будааст, агар мошин намеистод маҷбур мешудем, тир холӣ кунем. Тирҳои якум ба шумо мерасид, зеро шумо дар курсии қафо қарор доштед...».
Пурсидам, чаро? Гуфт, мошин бо суръати бениҳоят баланд аз ағбаи Фахробод фуромада, ба ишораи кормандони мо итоат накардааст. Баъд рақамҳои пушти мошин нест. Ҳоло вақти нооромӣ, ҷинояткорон бисёр. Дар постгоҳи Фахробод афсари олирутбае будааст. Ин корро дида тавассути «ратсия» ба постгоҳи онҳо хабар додааст, ки мошинро манъ кунед, наистад, парронед...
Онҳо ронандаро бо мошинаш ба майдони ҷаримавии шаҳр бурданд. Ба мо амр шуд, ки ба хонаҳоятон равед.
Хулоса, то соли 2000 силоҳбадастон дар ҳар қадами шаҳр меистоданд. Ва ҳар доим ба беморхона омада, ҳар чиз талаб мекарданд. Оҳиста – оҳиста вазъият дар кишвар бо талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол омад. Тоҷикистон обод шуд, аз будаш ободу зеботар гашта истодааст. Мо акнун дар фазои сулҳу субот метавонем кору зиндагӣ кунем, Шукри истиқлолу оромии кишвар.
Ба тафсил овардани ин нақл аз рӯзгори нобасомон дарсест барои ҳамаи мо, бахусус ҷавонон. Барои фазои ором, ба зиндагии осоишта шукрона бояд кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастиаш барои некуаҳволии халқ ва мамлакат заҳмат мекашанд. Истиқлолияти Ватанро арҷ бояд гузошт, ки ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст. Кӯр як бор асояшро гум мекунад. Ба иғвову дасисаи душманони миллат дода нашавем. Ҳушёриро аз даст надиҳем. Шукронаи соҳибистиқлолии Ватани хешро бикунем.
 
Шералӣ РАҶАБАЛИЕВ,
доктори илми тиб, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2021    №: 80    Мутолиа карданд: 404
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед