logo

Хабарҳо

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

“Устод Мирзо Турсунзода, бидуни шак, яке аз барҷастатарин ва пуртаъсиртарин шоир, шахсияти сиёсӣ ва адабиест, ки тавассути осор ва ашъори ҷаззобу пурмуҳтаво ва сафарҳои расмиву эҷодиаш ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷиконро ба кишварҳои дурдасттарин ҳамчун арғумон бурдааст”, - зикр намуд Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Сафолзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, директори Маркази фарҳангии Свами Вивекананда хонум Ҷуи Део-фаокар, директори Китобхои миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов, директори Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода Мошариф Табарова, раиси Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили адабии “Бонги най” Сайҳомиддин Нарзуллоев, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода 110 экспонат, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо, китобҳо ва дигар намояҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Дар кори намоиш ва конфронси илмӣ доираи васеи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷӯён иштирок намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, дар кори конфронс зикр шуд, ки Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоире шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи бузурги сайёра — Осиё ва Африқо хизматҳои шоиста ба ҷо овардааст.
Дар конфронс аз ҷониби гузоришдиҳандагон мавзӯъҳои “Ҳиндустон аз назари шоири инсондӯст”, “Садои Турсунзода - садои адибони тараққипарвари Ҳиндустон”, “Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода”, “Аз таърихи Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода” пешниҳод гардиданд. Намоиш то охири моҳи равон идома меёбад.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 290
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед