logo

Хабарҳо

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

Давоми бист рӯзи аввали мавсими даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 82 дарсади нақша иҷро гардида, беш аз 30 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи уҳдадориҳои худ дар ин самт мужда доданд. Дар ҳамин ҳол, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи нахуст ва шаҳри Душанбе дар даҳрӯзаи аввали маъракаи даъват нақшаро пурра иҷро намуданд.
 
Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Тавре ӯ изҳор дошт, маъракаи даъват муташаккилона идома дошта, дар ин муддат вилояти Суғд 68 дарсад, вилояти Хатлон 80, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 93 дарсади нақшаро иҷро карданд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994 – 2003  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт. 
Ҳашт шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра ба анҷом расонд. Ҳамроз Хушдилзода, комиссари ҳарбии вилоят дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки баҳри гусели хотирмони  ҷавонони даъватшуда ба сафи Артиши миллӣ дар майдони Парчами давлатии шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, зимни баромади худ ҳозирон ва кулли мардуми шарафманди вилоятро ба муносибати сарбаландона иҷро намудани нақшаи даъвати баҳорӣ муборакбод карда, ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намуданд, изҳори сипос кард. Гуфта шуд, ки пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст, ки боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони ВМКБ мебошад.
Дар даҳрӯзаи аввали маъракаи даъват саддарсад иҷро гардидани нақша дар шаҳри Душанбе низ истиқболи гармеро ба вуҷуд овард. Зеро ин далели натиҷабахши корҳои тарбияи ватанпарастӣ дар байни ҷавонон ва боло рафтани сатҳи худшиносӣ - меҳанпарастӣ дар пойтахти мамлакат дониста мешавад. Аз ҷумла, Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар як маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз зиёд шудани теъдоди ҷавонони ватандӯст изҳори хушҳолӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Яъне, ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизматанд. Онҳо хуб дарк намуданд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард аст.
- Ҳоло маъракаи даъват дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома дошта, ҷараёни иҷрои нақша назар ба мавсимҳои гузашта беҳтар ба назар мерасад. Дар умум, вазъ баёнгари он аст, ки ин мавсим назар ба давраҳои гузашта нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хеле пештар аз муҳлат иҷро хоҳад шуд, - таъкид кард Ф. Маҳмадализода.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 358
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед