logo

Хабарҳо

Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода сардори сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Валентина Казаковаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи  муҳоҷирони  меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҷонибҳо  раванди ҳамкориро дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуташаккил, ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили механизм барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷиронро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва қонунигардонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсиия Россия гуфтугӯ карданд.
 
 
Мулоқоти Абдулазиз Камилов бо Содиқ Имомӣ
Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тошканд ба ҳузур пазируфт.
Вазир ба саҳми шахсии сафир дар рушди пайдарпайи ҳамкориҳои созандаи ду кишвар баҳои баланд дод. 
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, инчунин, ҷанбаҳои амалии татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи баланд бадастомада баррасӣ шуданд.
 
 
Робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбанд
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Зулфия Абдусаматзода бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон ва  Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зулфия Абдусаматзода аз номи роҳбарияти вазорат ба Япония барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ҳамкории ду мамлакат дар бисёр бахшҳо, хоссатан дар соҳаи тандурустӣ, дар сатҳи баланд қарор дорад.
Зикр гардид, ки Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор  меравад.
Ҷонибҳо, инчунин, доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Маҳаллаи замонавии «Баҳор» бунёд мегардад
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар маҳаллаи замонавии  «Баҳор» бунёд мегардад, ки дар ҳудуди он биноҳои  истиқоматӣ,  муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ  тибқи талаботи муосири меъморӣ сохта мешаванд. 
Лоиҳаи ангоравии сохтмони маҳаллаи   мазкур  тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳамкорӣ бо сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» омода шудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 319
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед