logo

иқтисод

РОҲ ВА РАВШАННАМОӢ. ДУ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБИ ЯК ДЕҲАЕ, КИ АКНУН ШАҲР ШУД

Бо анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ имрӯз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру навоҳӣ, ҳатто деҳоти дурдаст ободу зебо мегарданд. Симои бисёр шаҳру ноҳияҳо, инчунин, деҳот ончунон тағйир ёфтааст, ки дар пайи он ноободии дигар кӯчаю маҳаллаҳо ва ё номаъмурии гӯшае зуд ба чашм мерасад.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ба кӯчаи деҳаи Дмитреев гузаштан, ҳолати харобиовари роҳу пайроҳаҳо ба назар мерасад. Роҳҳои ноҳамвори мошингард солҳо рӯи таъмирро надида, соруҷи шикастаи роҳравҳо ва қубуру лӯлаҳои ҳанӯз бетонӣ нашуда, инчунин, хонаҳои истиқоматии деворашон рехтаю фарсудагашта намои солҳои пеширо мемонад, ки барои ин кӯчаи наздиктарин ба шаҳри Душанбе - 5,5 километр дур аз маркази пойтахт дар чунин аҳвол қарор доштан қобили қабул нест. Дар ин ҷо хонаҳои истиқоматӣ ба ҳамдигар зич сохта шуда, роҳи мошингардро танг ва барои бунёди гузаргоҳҳо монеа эҷод кардаанд. 
Чароғонкунии кӯчаҳо аз муҳимтарин масъала барои аҳолии деҳаҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми баргаштан аз ошхонаи ба номи «Шуҳрат» бо мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштем. Аз деҳаи Дмитреев то роҳи асосӣ кӯчаи деҳаҳои Қӯштеппа ва Якатут торикистонро мемонад. Дар назди маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Россия танҳо як чароғи равшандиҳанда ба назар расид, ки он ҳам шикаста. Ҳарчанд роҳ аз ҳисоби хонаҳои истиқоматӣ ҷо-ҷо равшан шуда бошад ҳам, сокинон барои рафтуомад аз як деҳа ба деҳаи дигар душворӣ мекашанд.
Сокинон аз он изҳори нигаронӣ менамоянд, ки деҳаҳои Дмитреев, Қӯштеппа ва Якатути Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи на он қадар дур аз шаҳри Душанбе қарор доранд, вале дар онҳо мушкили чароғонкунӣ ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Дар бораи дигар проблемаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳоҷати сухан нест...
Аз шуъбаи саноат ва сохтмони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ки дар ноҳия ҳоло нахуст афзалият ба чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ дода мешавад. Дар роҳи автомобилгарди шаҳраки Сомониён - деҳоти Лоҳур дар деҳаи Тубек равшаннамоӣ ба охир расида, дар маркази деҳоти Лоҳур корҳо идома доранд. Кӯчаҳои маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ба монанди Ҷамоати деҳоти Россия низ равшан хоҳанд шуд.
Вобаста ба таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди ноҳия гуфтанд, ки барои анҷом додани корҳои таъмири роҳҳо муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳия муваззаф аст ва  то имрӯз таъмири ҷории роҳҳо ва тоза намудани ҷӯйборҳои ҳамшафати роҳ гузаронда, давоми сол дар доираи нақша танҳо таъмири ҷории 150 километр роҳҳои мошингард дар назар аст. Зеро муассиса барои гузарондани таъмири асосӣ ё худ таъмири капиталӣ имконият надорад.
Дар акс, тавре мебинед, роҳи мошингарди деҳаҳои Қӯштеппа ва Якатут аст. Ин ҷо аз як тарафи роҳ хонаҳои истиқоматӣ мавҷуд буда, аз тарафи дигар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаҳои савдо ва маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Россия қомат афрохтаанд. Роҳҳои ҷамоат ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Сокинон ёд надоранд, ки кай ин роҳи мошингард таъмири ҷорӣ дида бошад, то ин ки дар баробари таъмири роҳҳо кӯчаҳо низ чароғон шаванд.
Аҷиб, дар наздиктарин ноҳияи пойтахт солҳост роҳбарон омадаву мераванд, вале одитарин мушкилот ҳал ношуда мемонад. Чаро чунин бошад?! 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2021    №: 82 - 83    Мутолиа карданд: 301
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед