logo

Хабарҳо

ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТ

Кадом варзишгарон онро ба даст оварданд?
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарини соли 2020 тақдим шуд.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, соли гузашта чор варзишгар аз рӯи намуди гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ меъёрҳоро барои ба даст овардани ҷоиза иҷро карданд.
Ҳамин тариқ, гӯштигирон Муҳаммад Икромов ва Ҳикматтуло Воҳидов барои ба даст овардани медали нуқра дар Чемпионати Осиё – 2020 ҳар кадом бо 50 000 сомонӣ (10 000 сомонӣ ба мураббӣ) сарфароз гардиданд. Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов, ки дар ин чемпионат соҳиби медали биринҷӣ шуданд, ҳар кадом соҳиби 25 000 сомонӣ (5 000 сомонӣ ба мураббӣ) гаштанд.
 
 
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО
Пирӯзии "Истиқлол" бар "Ал-Ҳилол"
Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО – 2021 (гурӯҳи «А») тими «Истиқлол» бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. 
Бар пояи иттилои ин мусобиқот, тӯбҳоро аз дастаи ғолиб Манучеҳр Ҷалилов (дақ.39, 44) ва Манучеҳр Сафаров (дақ.49, 52) ба самар расонданд. Ягона голи «Ал-Ҳилол»-ро Бафетимби Гомис (дақ.24) зад.
Акнун, баъди чор даври рақобатҳо «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз садрнишини гурӯҳи «А» мебошад. 
Хотиррасон мекунем, ки бозии навбатии «Истиқлол» 27 апрел бо «Шабоб ал-Аҳлӣ» аст. 
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Аввалин пирӯзиҳои КМВА ва "Равшан" 
Дар бозии марказии даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ тими «Равшан» дар майдонаш «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, - хабар доданд аз Лигаи футболи кишвар.
Бошгоҳи КМВА, пас аз се бохти пайиҳам, бар тими «Душанбе» бо натиҷаи 3:1 ғалаба кард.
Натиҷаи бозиҳои боқимонда:
«Истаравшан» – «Файзканд» – 0:0;
«Кӯктош» – «Эсхата» – 2:1
Дар даври панҷум «Файзканд» – «Истиқлол», «Хуҷанд» – «Кӯктош», «Хатлон» – КМВА (30 апрел), «Эсхата» – «Истаравшан» ва «Душанбе» – «Равшан» (1 май) байни ҳам зӯр меозмоянд.
 
 
ҶОМИ ЛИГАИ АНГЛИЯ
"Манчестер Сити" бори 8-ум онро болои сар бардошт
Тими «Манчестер Сити» дар бозии финалии Ҷоми Лигаи Англия («Уэмбли», Лондон) дастаи «Тоттенҳэм Ҳотспур»-ро  бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. 
Тӯби ғалабаоварро Эмерик Лапорт (дақ. 82) ба ҳадаф расонд. 
Ҳамин тавр, «шаҳриҳо» бори 8-ум ҷомро ба даст оварданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 271
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед