logo

Хабарҳо

ТЕННИС

Аввалин ҷоизаи Надал дар соли 2021
Ракеткаи дуюми ҷаҳон теннисбози испанӣ Рафаэл Надал дар финали мусобиқаи Barcelona Open Banc Sabadell (ATP, Барселона) Стефанос Тситсипаси юнониро бо ҳисоби 3:1 (6:4, 6:7, 6:8, 7:5) ноком кард. 
Ба навиштаи сомонаи eurosport.ru, бори 12-ум аст, ки Рафаэл дар ин мусобиқот пирӯзӣ ба даст меорад. Ӯ дар баробари ҷом, 178 985 евро ва 500 холи рейтингӣ гирифт. 
Бояд гуфт, ки баъд аз ин ғалаба Надал, дар маҷмӯъ, ҷоизаи 87-ум ва аввалини соли ҷориро болои сар бардошт. 
 
 
ВОЛЕЙБОЛ
Мақоми дуюми бонувони тоҷик дар Ӯзбекистон
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба волейбол (U-17) дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова (Навоӣ, Ӯзбекистон) сазовори медали нуқра гардид.
Дар мусобиқа  дастаҳои «Олимп», «Суғдиёна», «Ҳумо», «Водӣ» (ҳама аз Ӯзбекистон), мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. 
Ба иттилои Муҳиб Латипов, котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон, духтарони тоҷик бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Зинаи аввалро дастаи «Олимп» ва мақоми сеюмро «Ҳумо» гирифт. 
Бояд гуфт, ки Вера Дуюнова дар ҳайати собиқ ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико – 1968 ва Мюнҳен – 1972 чемпион гардидааст.
 
 
ФУТБОЛ 
Пирӯзии наврасони шаҳри Истаравшан
Дастпарварони мактаби давлатии варзишии № 1-и шаҳри Истаравшан дар Мусобиқаи байналмилалии «MINORAI-KALON CUP – 2021» байни наврасони соли таваллудашон 2008 (Бухоро, Ӯзбекистон) ғолиб гаштанд.
Шогирдони Асрор Шораҷабов, мураббии шоистаи Тоҷикистон, дар бозии финалӣ Академияи футболи Хоразмро дар силсилазарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:4 шикаст доданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 291
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед