logo

Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

Дирӯз дар пойтахти кишвар таҳти раёсати вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  баргузор гардид.
Дар он вазирони мудофиаи Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндаи вазорати мудофиаи Арманистон, Дабири кулли СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа вазъи минтақаҳои гуногуни давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, чораҳои безараргардонии онҳо, рушди ҷузъи низомии созмон, ки бо назардошти воқеиятҳои имрӯза аҳамият ва муҳимияти хос пайдо мекунанд, баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ Созишнома дар бораи салоҳият ва расондани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои марбут ба ҳузури муваққатии қувваҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории СААД бо ИДМ ва СҲШ, муҷаҳҳаз кардани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД бо аслиҳаи муосир, техникаи низомӣ ва махсус, воситаҳои махсус, нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва ташаккули неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2022 маъқул дониста шуданд.
Дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу доир гашт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни ду кишвар дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар мулоқот Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ ба имзо расид. 
 
 
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҲАМКОРИҲО МАТРАҲ ШУДАНД
Миёни муовини вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s» мулоқоти видеоӣ сурат гирифт.
Дар он ҷонибҳо нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва фискалӣ, самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба сиёсати фискалии кишвар, мудирияти қарзи хориҷӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро матраҳ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ мусоҳибон изҳори бовар карданд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии рейтингии «Moody’s» дар оянда низ ба таври самаранок рушд меёбад.
 
 
БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН 
Дар  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ба сифати марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд.
Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода ба аъзои шӯро лоиҳаро муаррифӣ карда, доир ба ҳадафу афзалият, тадбирҳо, дурнамо, натиҷаҳои пешбинишуда, нақшаи амалҳо ва хусусияти фарқкунандаи он аз барномаи қаблӣ маълумот дод.
Дар ҷаласа кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, парлумон, доираи васеи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳо, олимону коршиносон, иштирок намуда, доир ба барнома ва аҳамияти татбиқи он табодули назар карданд.
Пас аз баррасиҳо, лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 316
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед