logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. АЗ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ТО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави созандагӣ ба шумор меравад. Он масъалаест, ки на танҳо ҷумҳурии мо, балки тамоми кишварҳои тараққикардаю рӯ ба тараққӣ ва қафомондаи оламро фаро гирифтааст. Озуқаворӣ масъалаи рӯзмарраи як давлат набуда, имрӯз хусусияти глобалӣ пайдо намудааст. Дар ҷаҳон ҳамарӯза талабот ба озуқа меафзояд, вале имкониятҳои дастрасӣ ба он торафт маҳдуд шуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки мушкилоти амнияти байналмилалӣ ва миллии озуқаворӣ ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри ХХ дар маркази диққат қарор гирифтанд. Маънои “амнияти озуқаворӣ” дар резолютсияи Ассамблеяи СММ “Уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон”, ки соли 1974 қабул шуда буд, пурра кушода шудааст. Яъне амнияти озуқаворӣ ин “даст-расии ҳамешагӣ ва кафолатноки тамоми мардум ба захираҳои хӯрокии ҷаҳонӣ ба миқдорест, ки барои ҳаёти фаъол ва солим зарур аст”.
Таҳлили амиқу пурраи масъалаи амнияти озуқаворӣ бо назардошти пайдо кардани роҳҳои нигоҳдорӣ аз хавфи гуруснагӣ дар ҷаҳон, дар “Декларатсияи умумӣ оид ба бартараф намудани гуруснагӣ ва норасоии маводи ғизоӣ”, ки соли 1974 қабул шуда буд, дарҷ ёфтааст. Роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аст.
Дастрасии озуқа ба ҳар нафар аҳолӣ ба воситаи ҳисоботи махсус, ки онро тарозуи озуқаворӣ меноманд, ба ҳисоб гирифта мешавад. Агар дастрасии умумии захираи озуқаворӣ барои истеъмол ба шумораи аҳолӣ тақсим карда шавад, дар он мавҷуд будани озуқаворӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар нафар аҳолӣ барои як сол ҳосил мешавад. Амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ қисми ҷудонашавандаи амнияти миллӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро ин масъала бо равандҳои рушди умумии иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат алоқаи зич дорад.
Амалӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, боэътимод таъмини аҳолии мамлакат бо маводи озуқа, рушди ҳамаҷонибаи соҳаи агросаноат ва таъҷилан эътино кардан ба хатарҳои беруна ва дохилаи бозори озуқа, иштироки самарабахш дар ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, зарурати дастгирии бевоситаи молиявиро барои танзими нархи маҳсулот дар бозор ба миён овард.
Мувофиқи таълимоти илми иқтисодӣ барои кишварҳое, ки рушди соҳаи аграрӣ хароҷоти зиёдро талаб мекунад, инкишофи соҳаҳои дигар афзалтар аст. Дар ин ҳолат мебояд талаботи озуқавории худро тариқи воридот ҳал намоянд. Аммо дар амал бошад ин тавр нест, чунки:
а) таъминоти бозори ҷаҳонии озуқаворӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ на ҳамеша муътадил аст.
б) кишварҳои аз ҷиҳати молиявӣ пурқудрат дар ҳолатҳои фавқулода метавонанд маводи озуқаро аз бозори ҷаҳонӣ барзиёд харидорӣ намуда, вазъияти бозори дохилии давлатҳои хурдро муташанниҷ намоянд.
в) харидуфурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бонизом нест. Аз як тараф, давлатҳо фақат як қисми маҳсулоташонро ба фурӯш мебароранд, аз тарафи дигар бошад, баъзе намуди маҳсулот монополияи чанд кишвар мебошад.
Кӯшиши расидан ба амнияти озуқаворӣ раванди беисту бефосила буда, барои расидан ба он бештар самтҳои афзалиятноки рушд ва механизми татбиқи сиёсати аграриро тағйир додан лозим меояд. Бо вуҷуди баъзе фарқиятҳо, дар муносибат ба масъалаи амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои гуногун, барои ҳамаашон талаботи нигоҳдошти ҳолате, ки дар он ҳама аъзои ҷомеа аз ҳуқуқи баробар барои озуқавории кофӣ баҳри пойдории сиҳат ва фаъолият бархӯрдоранд, ягона мебошад.
Ҳамин тариқ, ақидаи наве пайдо шуд, ки мувофиқи он расидан ба амнияти озуқаворӣ танҳо дар сатҳи давлатҳои алоҳида ва сипас, тавассути он, дар миқёси ҷаҳон имконпазир мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки ҳалли ин муаммо аз қисмати ҷузъӣ ба умумӣ ҷараён мегирад. Ин бо мавҷудияти омилҳои маҳдудкунандае алоқа дорад, ки тамоюли рушди хоҷагии ҷаҳонро муайян карда, барои ояндабинии суръати баланди афзоиши захираҳои озуқаву ашёи хом имкон намедиҳанд.
Рушди босуботи аграрӣ метавонад амнияти озуқаворӣ ва амнияти миллиро таъмин намояд. Бинобар ин, дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ як қатор ислоҳотҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд, ки мақсади асосии онҳо таҷдиди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот нигарондани он ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад.
 
Раъно КЕНҶАЕВА, 
номзади илмҳои иқтисодӣ, 
дотсенти кафедраи молия ва андозбандии
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 287
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед