logo

фарҳанг

МЕҲРИ БАРОДАРӢ

Ҳангоми хизмат дар отряди Помир чизе, ки аз ҳама бештар хотири Шириншоҳро малол месохт, аҳволи бародарону хоҳарони ятимаш буд. Хусусан, Бобошоҳ бисёр вақт ба хобаш медаромад ва сухани охиринаш ҳангоми видоъ дар гӯши Шириншоҳ ба мисли зангӯла садо медод: «Маро фаромӯш макун». Чӣ тавр ӯ метавонист бародари азизашро фаромӯш созад?
Боре ғарқи ҳамин гуна хаёлоти мағшуш, андешамандона сарро болои зону монда, назди остонаи хона менишаст ва наздик омадани хӯҷаинашро пай набурда монд. Штабс – капитан Дмитрий Сергеевич Топорин оҳиста даст ба китфи Шириншоҳ гузошт, ӯ як қад парида аз ҷо хест. 
- Биншин дӯстам, биншин. Чӣ ин қадар ба фикр фурӯ рафтаӣ? Ё ягон душворӣ пеш омад? – дилсӯзона пурсид хӯҷаин.
Шириншоҳ ба ҷуз ифшои рози  дилаш илоҷе наёфт. Саргузашти худ, аҳволи аҳли оила, илтимоси Бобошоҳро ҳам нақл кард. Дмитрий Сергеевич лаҳзае ба фикр фурӯ рафт ва гуфт: - «Бисёр ғам махӯр, ҳамааш хуб шуда меравад. Маслиҳат карда мебинем, имконият ёбем барои бародарат ҳам кор пайдо мекунем.»
Пас аз ду ҳафта штабс – капитан мужда овард, ки аспбон ба рухсатӣ меравад, барои нигоҳубини аспҳо коргар лозим.
- Агар бародарат аз уҳдаи ин кор баромада тавонад, хабар деҳ, ки фардо биёяд. Ман бо сардори отряд маслиҳат кардам, - гуфт ӯ.
Дар чашмони андешаманди Шириншоҳ шарораи шодмонӣ барқ зад. Вай ба хӯҷаин изҳори миннатдорӣ намуда, ба майдони пеши қалъа шитофт. Ба воситаи ҳамдеҳае, ки алафи овардаашро фурӯхта буду азми бозгашт дошт, ба хона пайғому салом фиристода, омадани Бобошоҳро дархост кард.
Барои Бобошоҳи наврас душвор набуд. Вай, ки аспсаворӣ аз бозиҳои дӯстдоштааш буд, бо ҳар аспи саркаш ҳам муомила карда метавонист. Фаслҳои тобистон мардуми деҳоти Поршнев одатан улоғҳояшонро ба ҷангалзорҳои   атрофи  Майдонак  ҳай  карда меоварданд ва онҳо то тирамоҳ – оғози мавсими боркашонӣ баҳузур чаро карда мегаштанд. Наврасон онҳоро дошта, ба Майдонак оварда, бе зину лаҷом саворӣ мекарданд, дар оби дарё мешустанд. Дар ин кор Бобошоҳ яке аз пешсафон буд.
Старшинаи рус, ки ба нигоҳубини аспҳо назорат мебурд, аз кори Бобошоҳ қаноатманд шуд. Вай ба тозагии аспҳо ва бино, сари вақт обу хӯрок додани аспҳо аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор дафтару қаламашро аз бағал бароварда, навиштани ҳарфҳои русиро машқ мекард. Ҳарчанд назди падар савод бароварда хондану навиштан метавонист, вале инро кифоя ҳисоб намекард ва ҳамеша дар пайи донишандӯзӣ буд. Дар ин бобат ба Шириншоҳ пайравӣ мекард, аз вай ёрӣ мепурсид. Шириншоҳ ба вай тарзи навиштану хондани ҳуруфоти русиро омӯзонда, инчунин, калимаҳои серистеъмоли забони русиро ёд медод, талаб мекард, ки бо сарбозони рус бо забони онҳо сухан гӯяд, то ки забонро зудтар ёд гирифта тавонад.
Вақтҳое мешуд, ки Бобошоҳ пас аз иҷрои вазифаи хизматӣ ба назди дари мактаб рафта, менишаст ва ба гуфтугӯи муаллиму шогирдон гӯш медод, мехост то ягон чизи наверо ёд гирад. Чунин ҳам мешуд, ки шогирдон ба суоли муаллим ҷавоб ёфта натавониста хомӯш меистоданд, вале Бобошоҳ ҷавоби ин суолро медонисту ҷуръат намекард, ки аз пас ҷавоб гӯяд.
Меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, хушмуомилагии Бобошоҳ буд, ки баъди аз рухсатӣ баргаштани аспбон ӯро аз кор озод накарда, ёрдамчии ошпаз таъйин намуданд. Дар ин вазифа ҳам меҳнатдӯстиаш ӯро сазовори таваҷҷуҳ ва мақбули сарошпаз гардонд. 
Ҳини иҷрои ин вазифа воқеае рӯй дод, ки Бобошоҳ онро пас аз ҳафтод соли умраш ҳам бо як ҳисси хиҷолату пушаймонӣ дар суҳбат бо духтараш Шакарбону ба хотир оварда буд:
- Боре сарошпазро кори таъҷилие пеш омад ва ӯ фармуд, ки худам хӯроки шомро барои сарбозону кормандон тайёр намоям. Ман пас аз доғ шудани гӯшт якчанд қайларо дар коса ниҳода мондам ва пас аз дам додани дег назди дар рафта истодам. Иттифоқан Шириншоҳро дидам, ки ба об додани дарахтони ҳавлӣ машғул буд. Ӯро ҷеғ задам ва бо ишораи даст пеши худ хондам. Омад. Гуфтам, ки ба дарун даро. Вай беҷуръатона даромада, назди дар истод ва саволомез ба ман нигарист. Ман бе он, ки сухан гӯям, косаро пеши ӯ ниҳодам. Вай ба даруни коса назар андохта, кабобро дид ва якбора аз хашм даргирифт:
- Ту чӣ кор карданӣ? Ман гӯшти туро хӯрда бошам, агар ба ин коса даст расонам. Ва гӯшти маро хӯрда бошӣ, агар чунин кор кунӣ. Зудтар гӯштро даруни дег андоз, ҳамагон якҷо мехӯрем.
Ман аз авзои ғазаболуду талаби шиддатноки омиронааш чунон мутаассир шудам, ки бо кадом даст ба дег холӣ кардани косаро дар ёд надорам. Вай бо қатъият аз ман рӯй гардонда, баромада рафт. Ман аз шиддати шарму хиҷолат ва пушаймонӣ то чӣ дараҷа сурх шуда тафсидани рӯямро худам ҳис намудам. Хайрият, ки касе ин ҳолатамро надид. Ва ин бароям то охири умр як сабақи муҳими росткорӣ шуд.
 
Барноз РАҲМОНШОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 551
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед