logo

иҷтимоиёт

ДОҒ ДАР МОҲТОБ. АЗ БЕНИЗОМИИ МАРШРУТКАҲОИ МУСОФИРБАР ТО БЕЭЪТИБОРИИ КОРМАНДОНИ БДА

Бенизомӣ дар нақлиёти мусофирбар моро на танҳо нороҳат, балки ҳамарӯза асабонӣ низ менамояд. Чӣ гуна асабонӣ нашавем, ки ҳангоми аз маршрутка берун шудан бояд, албатта, 5 - 6 мусофир ба мо роҳ кушоянд. Бо вуҷуди ин, аз миёни мусофирони боқимондаи дохили нақлиёт, ки рост истодаанд, базӯр берун шуда, сипас мӯю рӯй ва либосамонро аз нав ба тартиб меорем. Дар акси ҳол чунин ба назар менамояд, ки баъди аз маршрутка фаромадан, гӯё як ҳафта боз ба мӯят шона набурда, бо либоси ғиҷим ва пойафзоли чиркин аз хона берун шудаӣ. Албатта либос, мӯю рӯйро ба тартиб овардан душвор нест, аммо бартараф намудани ҳолати бади равонӣ чандон кори саҳл намебошад... 
 
МАРШРУТКАИ ЛАБРЕЗИ ОДАМ
Ин субҳ ҳам бо маршруткаи хатсайри № 54 ба коргоҳ меомадам. Дар ҳоле ки он ҳамагӣ  21 ҷойи нишаст дошт, 35 мусофир дохили он буд. Яъне, дохили маршрутка 14 нафари дигар бо сабаби набудани ҷои нишаст рост меистоданд, ки ҷавонписарон ва хонандагони мактаб буданд. Маршрутка лабрези одам, ҳавои дохили салон вазнин, нофорам ва дилбеҳузуркунанда буд. Мо - мусофирон ҳавои бо роҳи даҳону бинӣ  дарункашида ва боз баровардаи ҳамдигарро нафас гирифта, бесаброна мунтазири расидан то ҷойи зарурӣ «тоқат» мекардем. Дастёри ронанда (пулчин) ҳар замон ба хонандагони мактаби ҷузвдони пур аз китоб дар пушт гӯшзад мекард, ки сумкаҳояшон аз худашон калон асту ҷои як мусофири дигарро гирифтааст. Ба ин хотир, онҳоро маҷбур менамуд то ҷузвдонҳояшонро аз пушташон гиранд. Акнун тасаввур кунед (ҳоҷат ба тасаввур  ҳам нест як маротиба  воқеаи дохили маршруткаро дурусттар назорат кунед, хоҳед дид) хонандаи бечора чӣ ҳол дорад?!. 
 
ЯК ҚАДАМ БА ПЕШ ЯК ҚАДАМ БА ҚАФО
Маршрутка сари ҳар қадам меистад. Мусофирон, ки рост истодаанд, ҳама  якҷо пеш такон мехӯранд. Ба роҳ рафтан, ки даромад, ба қафо. Ҳамин, ки як нафар аз нақлиёт фаромад, ҳатман як ё ду нафари дигар ворид мешуданд. Пулчин «Бачаҳо болотар гузаред, болотар», - гӯён амр менамуд, то мусофирони бе ин ҳам зичистода зичтар шаванд. Бачаҳои гапдаро ҳам амри пулчинро бе чуну чаро ба ҷо оварданд. Аз сабаби он, ки мусофиркаш аз будаш хеле зиёд мусофир дошт, базӯр ҳаракат мекард. Мегуфтӣ  чанд нафар аз пушт онро  тела медиҳанд. Ҳамин тавр, шумурдам, ки аз истгоҳи аввали хатсайр - маҳаллаи Пахтакор то назди корхонаи мо - бинои «Шарқи озод» 10 истгоҳ аст ва ҳамин қадар роҳро ҷавонписарон рост тай намуданд. Косаи сабри яке лабрез шуд, ки ногоҳ овоз баровард: «Бародар, камакак раҳм кунеду одам нагиред. Охир дигар ҷойи пой мондан ҳам намонд».
 
РОҲАТ РАФТАН ХОҲЕД, БО ТАКСИ РАВЕД
Ронанда нохост маршруткаро манъ намуду дар ҷавоб: «Ҳар касе роҳат рафтан хоҳад, бо такси рафтан гирад» гуфт. Ин гап ба ҷавонон сахт расида бошад ҳам, сухани баде нагуфта, танҳо аз ронанда хоҳиш намуданд, ки каме зудтар ҳаракат намояд то  аз дарсашон дер намонанд. Маълумам гашт, ки онҳо донишҷӯянд ва дар «Шаҳраки донишҷӯён» таҳсил менамоянд. Ҳамин лаҳза суоле ба зеҳнам омад, ки наход ин донишҷӯён то донишгоҳ рост истанд?  Ҳисси кунҷковиам зиёд шуд ва назди бинои корхонаамон нафаромадам. Барои посухи суоли ба зеҳнам омада, роҳамро давом додам. Раҳораҳ истгоҳҳоро шумурдам. Аз бинои «Шарқи озод» то «Шаҳраки донишҷӯён» хато агар накунам 7 истгоҳ аст ва ҳамин андоза роҳ ин донишҷӯён рост меистоданд, албатта, бо асабоният. Аҳсант ба таҳаммулашон. Магар наздики 20 километр (фосилаи байни истгоҳҳо як километрӣ аст ва тибқи мушоҳида аз Гипрозем то «Шаҳраки донишҷӯён» 17 истгоҳ) роҳро дар дохили маршруткаи пур аз одам рост истодан осон аст?  Раҳораҳ мусофирон дар ҷои лозимаашон мефаромаданд. Агар, мабодо, ҷойи нишаст холӣ шавад ҳам, ҷавонон намешинанд. Медонанд, ки ҳамин ҳоло нафари дигаре ба маршрутка ворид мешаваду онҳо ба хотири эҳтиром аз ҷо бархоста ба ӯ ҷой медиҳанд. Хулоса, дар «Шаҳраки донишҷӯён» баробари аз маршрутка фаромадани донишҷӯён он қариб, ки холӣ шуд. Ман ҳам он ҷо берун шуда,  ба  коргоҳ баргаштам. Албатта, боз бо ҳамин аҳвол. Баробари ба корхона ворид шудан, ҳамкасбам тугмаи костюм дар даст бо асабоният аз он шикоят мекард, ки ин субҳ аз маршруткаи лабрези одам базӯр берун шудаму тугмаи костюмамро ҳам аз даст додам.   
 
«ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД»
Усули мусофиркашӣ ва муомила бо мусофирон дар нақлиёт мавзӯи нав нест. Агарчи дар ин бора борҳо гуфтаву навишта бошанд ҳам, чунин ба назар мерасад, ки ин ба гӯши ронандаҳо намерасад. Худашон шоҳу табъашон вазир. Агар мо – мусофирон мабодо дар ҳимояи худ чизе бигӯем, ҷонибамон чунон дӯғу даранг мекунанд, ки аз гуфта пушаймон мешавем. Бадии кор дар он аст, ки ба ин тарзи хизматрасонӣ  одат кардаем. Чунон одат кардаем, ки аз таъсири бадаш қариб, андеша намекунем. Ҳол он ки маҳз бо ин сабаб ҳар рӯз зери фишори равонӣ қарор мегирем. Аламовар он аст, ки аз ин зарбаҳои равонии ҳаррӯза, ки дар пайи истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба ману шумо мерасад касеро парвое нест. Аз рӯи мушоҳидаҳо метавон чунин хулоса намуд, ки чашми кормандони БДА низ ба дидани ин манзара одат кардааст. Агарчи борҳо  маршруткаи лабрези одам аз таги биниашон гузарад, ба он эътибор намедиҳанд. Агар ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекарданд…
Воқеан, корманди БДА ва ронандаи маршруткаро ба ҳуҷайраҳои майнаи сари ману  мусофирони дигар чӣ кор?  Муҳим «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад». 
Ва боз як чизи дигар, кайҳо вақти он гузаштааст, ки маршрутка ва автобусҳоро дар истгоҳҳо интизор шавем. Зеро тамоми роҳ мусофир гирифтану фаровардани онҳо ҳам касро асабӣ месозад. Барои ин танҳо ронандаҳои мусофирбарро зарур аст, ки ҳамагӣ чанд рӯз ин одатро ба хуну пӯсти мо ҷой намоянд. Ё дар ин бора ҳам амри махсуси мақомоти дахлдор лозим аст?!  
Ва, умуман, нақлиётдории масъулини муҳтарами мо дар Душанбеи азиз, ки бахусус чанд соли охир зеби дунё шудан дорад, "доғ дар моҳтоб" - ро мемонад, ки воқеан боиси нигаронии ҷиддист!  
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2021    №: 86    Мутолиа карданд: 296
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед