logo

Хабарҳо

БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонии Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде зимни иртиботи видеоӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки ҷаҳониро матраҳ карданд. 
Тавре Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, тӯли 28 соли шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба таври назаррас дастгирӣ кардааст.
- Соли 2020 ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ба василаи  ҷудо намудани маблағҳо барои лоиҳаҳои муқовимат бо пандемияи COVID – 19  тақвияти бештар ёфт. Кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон баҳри ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ ва боздоштани паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷумҳурӣ мусоидат кард,- афзуд вазир.
Таъкид шуд, ки ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон барои сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ фазои мусоид фароҳам меорад ва ба ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири мусбат мерасонад.
 
 
ТАНДУРУСТӢ.  АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲО ИЗҲОРИ ҚАНОАТМАНДӢ ШУД
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода  сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита, намояндагони  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат барои дастгирӣ ва мусоидат намудан бобати харид ва воридоти ваксинаҳо бар зидди бемориҳои мухталиф  ба кишвар ба  Ҳукумати Япония изҳори сипос намуд.
Такаюки Мияшита барои ҳамкории густурда бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, рушди равобити дипломатии  Тоҷикистон ва Япония  ҳавасмандӣ зоҳир намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки роҳбарияти Ҳукумати  Япония омодаи ривоҷу равнақи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, хоссатан соҳаи тандурустӣ, бо Тоҷикистон мебошад.
 
 
МУЛОҚОТИ САЪДӢ ШАРИФӢ БО НИСОРАҲМАД ҒУРИЁНӢ
Дар шаҳри Кобул мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон Нисораҳмад Ғуриёнӣ баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, нафту газ, иктишоф ва истихроҷи маъдан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба гуфтаи Нисораҳмад Ғуриёнӣ, ӯ тасмим дорад, ки дар наздиктарин фурсат бо ҳайати тоҷирони  Афғонистон ба Тоҷикистон биёяд ва бо мақомоти Тоҷикистон перомуни таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ суҳбатҳо дошта бошад. 
Саъдӣ Шарифӣ таъкид кард, ки тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои густарда метавонем дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳо муваффақиятҳои назаррас ба даст орем. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 282
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед