logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИШТИРОКДОРОНИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ КОТИБОНИ ШӮРОҲОИ АМНИЯТИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СААД

29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо – иштирокдорони ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо ба ҳамкории байни кишварҳоямон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва пайванди муҳими  талошҳои  муштараки  мо  барои  расидан ба ҳадафҳо – фаъолияти пурсамари котибони шӯроҳои амният мебошад.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи созмон, ки ҷониби Тоҷикистон соли равон раёсати онро ба уҳда дорад, ишора карданд. Дар зимн, ҳамчунин, вазъи имрӯзаи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳангоми мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID – 19, буҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба ин, фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо, зарур шумурда шуд.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта пурсамар хоҳанд буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2021    №: 87    Мутолиа карданд: 4960
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед