logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ЧОРААНДЕШИҲО ДАР РОҲИ РУШДИ САНОАТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

Бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди ин ноҳия ҶДММ «Мурғи покиза» мавриди истифода қарор гирифт. Ин корхонаи саноатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар самти забҳи мурғ бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст. Корхона бо хатҳои муосири технологӣ таъмин буда, он дар заминаи нақша - чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Тибқи маълумоти шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр, корхона дорои 4 сардхона мебошад, ки ҳар яке иқтидори ғунҷоиши 30 тонна гӯштро дорад. Дар корхона имкони забҳи то 10 ҳазор сар паранда дар як рӯз мавҷуд мебошад. Зимни боздид аз фаъолияти корхона ба кормандони он аз ҷониби намояндагони сохторҳои масъули шаҳрӣ ҷиҳати сифатан беҳтар ба роҳ мондани фаъолият тавсияҳои муфид дода шуданд. 
Барои истиқболи сазовор аз Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар кӯчаи С. Айнӣ 33 ва 34 бинои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиршавии  маркази савдою хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад, ки сокинон ҳоло аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Авитсена» сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматии иборат аз 3 қисм бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ амалӣ шудааст. Ин маҷмаа дар буриши хиёбони Рӯдакӣ 9 ва кӯчаи Садриддин Айнӣ 29 сохта шудааст. Маҷмааи истиқоматии мавриди назар аз ду бинои 17 ошёна ва 1 бинои 24 ошёна иборат мебошад ва фарогири 295 хона аст.
Дар заминаи тадбирҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе, масъулини маркази хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 40 ҳам корҳои сохтмониро тақвият бахшида, азнавсозии биноро амалӣ намудаанд. Соҳибкорон нақша доранд, ки ба ин васила ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ноил гарданд. Ин тадбир имкон додааст, ки шаҳр боз ҳам зебо гардида, шароити беҳтари истиқомат ва кору фаъолият барои сокинон фароҳам шавад. 
Аз ҷониби ҶДММ «Суҳайб 2011» дар кӯчаи Нисор Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур бинои истиқоматии 7 ошёна сохта, ба истифода супорида шуд. Бино аз 7 ошёна ва 44 хона иборат буда, дар онҳо шароити зарурӣ барои истиқомат фароҳам шудааст. Дар ошёнаи якуми бино барои ташкили маркази савдою хизматрасонӣ имкони мувофиқ мавҷуд аст.  
Яке аз нишондодҳои нақша - чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе ин бунёди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, гази моеъ, таъмир ва шустушӯи мошин, терминали мусофирбар, хонаи истироҳатӣ ва ошхона дар ноҳияи Шоҳмансур мебошад. Он зери унвони «Шарқ транс» бунёд шудааст ва дорои шароити зарурӣ мебошад. Иншооти баистифодадодашуда имкон фароҳам намуд, ки ҷойҳои зиёди корӣ ташкил гардад ва сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар шавад. 
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2021    №: 88    Мутолиа карданд: 150
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед