logo

Хабарҳо

ФУТБОЛ

"Истиқлол" дар таърихи варзиши тоҷик авроқи навро рақам зад
Тими футболи «Истиқлол». Ин ном дар таърихи варзиши тоҷик абадан сабт шуд. Даста дар таърихи ҳамагӣ 18-солааш кореро анҷом дод, ки ба ягон бошгоҳи ватанӣ даст надодааст. Агар насли даврони шӯравӣ аз тими овозадори «Помир» (Душанбе) ифтихор кунанд, пас, мо, насли соҳибистиқлолӣ, бо «Истиқлол» меболем. 
Агар онҳо гӯянд, ки «Помир» тими «Спартак» (Москва) - ро дар Душанбе бо ҳисоби 5:1 торумор кард, мо мегӯем, ки «Истиқлол» бонуфузтарин тими қораи Осиё, се карат қаҳрамони Лигаи чемпионҳои КФО-ро дар хонааш бо натиҷи 4:1 мувоҷеҳи шикаст намуд.
 
МО ТАВОНИСТЕМ 
"Истиқлол" дар даври 1/8 финал
Қатъи назар аз он ки дастаи «Истиқлол» дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО – 2021 аз бошгоҳи АГМК (Ӯзбекистон) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» нигоҳ дошта, ба даври 1/8-финали мусобиқот роҳ ёфт.  
Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) аз «Шабоб ал-Аҳлӣ» (Амороти Муттаҳидаи Араб) бо натиҷаи 0:2 мағлуб шуд.
Ба ин тартиб, «Истиқлол» дар аввалин ҳунарнамоии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо аз шаш бозӣ дар сетоаш пирӯз шуда, як вохӯриро мусовӣ ва ду қувваозмоиро бохт.
Ҳамин тариқ, дар ҷадвали гурӯҳи «А» «Истиқлол» ва «Ал-Ҳилол» бо даҳхолӣ мақомҳои якуму дуюмро касб карданд. Тимҳои «Шабоб Ал-Аҳлӣ» ва АГМК бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шуданд.
 
Рақиби навбатии тими Тоҷикистон 
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо дар минтақаи Ғарб бо ширкати 20 даста (панҷ гурӯҳ) 1 май ба анҷом расид. Тибқи низомнома, ғолибони гурӯҳҳо ва се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтар ҷойҳои дуюмро гирифтанд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд: «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ, ҳар ду аз гурӯҳи «А»), «Шарҷаҳ» (АМА) , «Трактор» (Ҷумҳурии Исломии Эрон, гурӯҳи «В»), «Истиқлол» (Эрон, гурӯҳи «С»), «Ан-Наср» (Арабистони Саудӣ, гурӯҳи «D»), «Персеполис» (Эрон) ва «Ал-Ваҳда» (АМА, гурӯҳи «Е»). 
Ҳамин тавр, дар даври плей-офф «Истиқлол» бо ду карат финалисти Лигаи чемпионҳо (2018, 2020) тими «Персеполис» (Эрон) рақобат мекунад. Бозӣ миёнаҳои моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. 
Ҷуфтҳои дигар: «Шарҷаҳ» – «Ал-Ваҳда», «Истиқлол» – «Ал-Ҳилол» ва  «Ан-Наср» – «Трактор» (ҳама бозиҳо 13 – 14 сентябр) бо ҳам зӯр меозмоянд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар минтақаи Шарқ ҳоло оғоз наёфтаанд. 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 217
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед