logo

Хабарҳо

САД РАНГИ ЧАКАН

Дар Осорхонаи миллӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 - 2021) Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд. 
Дар он Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайринисо Юсуфӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, ва дигар намояндагони вазорату идораҳо, ниҳодҳои корпуси дипломатӣ, чеварону ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Қабл аз оғози фестивал, иштирокчиён аз намоиши ҳунари чакан, ки аз ҷониби ҳунармандон ва косибони кишвар дар сатҳи баланд ташкил гардида буд, дидан карданд.
Матлубахон Сатториён иброз намуд:  «Ҳар қавму миллат ба ҷуз муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангие низ доранд, ки тавассути онҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мешаванд. Мақсади баргузории фестивал ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллию мардумӣ  ва, ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ  мебошад».
Зикр шуд, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи кор бо занон ва оила  бахшида ба 30 - солагии  Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён гирифт, аз тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикон сурат мегирад.
Мавриди зикр аст, ки фестивал аз рӯи 6 номина: намоиши либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, рӯзмарра, маросимӣ, идона, расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ дар се давр баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ  оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий «Чакан» расман ба Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.
Дар фестивал барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ бо суруду тарона дар иҷрои ҳунармандон, ки ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши иштирокчиён гарид. Ғолибон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз шуданд.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурят»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 327
05.08.2021


ЛИГАИ ОЛӢ

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Эрон рафт

ВКД. ҚАРИБ 70 ДАРСАДИ ҶИНОЯТҲОИ СОДИРШУДА ОШКОР ГАРДИД

04.08.2021


Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон

“МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ ВА МАГИСТРАТУРА

ИМА ваъда дод, ки ҳамлаҳои ҳавоиро дар Афғонистон идома медиҳад

Ҷаҳон дар як сатр

30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. НАҚШИ ҶАВОНОН ИМРӮЗ ВА ОЯНДА

ТЕННИС

03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед