logo

Хабарҳо

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

- Чуноне шоҳид гардидем, соли гузашта бар асари бемории фарогири COVID – 19 корфармоён ва коргарони тамоми ҷаҳон зарари калон диданд. Мушкилоти асосӣ болои кормандон таҳмил гашт. Ҳанӯз ҳам, корфармоёну кормандон барои бартарафнамоии оқибати он дар соҳаи меҳнат талош доранд. 
Бо зикри ин нукта вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода мизи гирдро дар мавзӯи «Пешгӯии буҳрон, омодагӣ ба банақшагирӣ ва вокуниш – сармоягузории низоми устувори ҳифзи меҳнат», ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии меҳнат дар вазорати мазкур доир гашт, ифтитоҳ намуд. Дар он раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону муҳаққиқон ва коршиносони байналмилалӣ перомуни масъалаҳои вобаста ба ҳифзи меҳнат андешаронӣ намуданд. 
Ба таъкиди Ширин Амонзода, тибқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии меҳнат, дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ҳамасола дар дунё зиёда аз 2 миллиону 870 ҳазор, аз ҷумла аз бемориҳои касбӣ 2 миллиону 400 ҳазор нафар, мефавтад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низ чунин ҳолатҳо ба назар мерасанд. Санҷишҳо муайян карданд, ки сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, дар бархе аз ташкилоту муассисаҳо мавҷуд набудани мутахассисон оид ба техникаи бехатарӣ, таъсис наёфтани хадамоти ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармоён, таъмин накардани кормандон бо воситаҳои ҳифзи меҳнат ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ, аз муоинаи тиббӣ нагузарондани онҳо, бемасъулиятиву монанди инҳост. Бинобар ин, муҳайёсозии шароити бехатари меҳнат ва фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ барои ҳар як корманд хеле зарур мебошад. 
Маликшо Неъматзода, раиси Иттифоқи касаби мустақили Тоҷикистон, сари вақт пардохтани маошро шарти аввали ҳифзи меҳнат арзёбӣ намуда, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар баъзе ҳолатҳо як нафар боиси сари вақт напардохтани маоши аҳли заҳмат мегардад. Ҳамчунин, ҳолати аз ҷониби баъзе сохторҳо нодида гирифтани ин масъала ба назар мерасад.
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 219
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед