logo

Хабарҳо

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

28 апрел бо ибтикори Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода бахшида ба 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, таҳти унвони «Нақши зан дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» конфронси илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Нахуст иштирокчиёни конфронс дар назди нимпайкараи устод Мирзо Турсунзода, ки  дар даромадгоҳи осорхона воқеъ аст, гулчанбар гузоштанд.
Ҳайати меҳмонон аз қисматҳои адабию ёдгории осорхона, ки дар он ҷо зиёда аз 600 экспонант ва нигоҳдорӣ мешавад, дидан намуданд. 
Конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Нақши зан дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» дар толори осорхона оғоз гардид. Дар он доираи васеи шоирону нависандагон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ҳунармандону ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон, ректорону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумитаи сулҳу ризояти миллии Тоҷикистон Л. Шарифова иброз дошт: «Мо дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳамоиши имрӯзаро, ки ба ифтихори 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои наврӯзӣ арзёбӣ кард. Воқеан, дар ашъори устод Мирзо Турсунзода мавзӯи Зан-Модар мавқеи меҳварӣ дорад. Ситоиши ин сарчашмаи ҳаёт дар ашъори шоир бисёр барҷастаю шоиста мебошад».
Дар конфронс нахустфарзанди устод Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои фалсафа, Фирӯза Турсунзода хотираҳояшро дар бораи эҳтироми падараш нисбат ба зан чунин баён дошт: «Падар бисёр занону духтаронро эҳтиром менамуданд. Албатта, ҳамон бонувони кордону ҷасурро. Ёдам ҳаст, ки солеро ба хотири зан бахшида буданд. Қоҳ – коҳ занон хандаи падарам ҳеҷ аз ёдам намеравад. Бо чунин ханда гуфтанд, ки акнун як сол дар хизмати зан мешаваем, чи хуше». 
«Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад», - афзуд Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ.
Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, тазаккур дод, ки  шоир шурӯъ аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба неруи азими маънавӣ мубаддал намудааст.
Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Мурод аз сафарҳои бо устод доштааш ёдовар шуда, иброз дошт, ки каломи муассиру ҷозибадори устод Мирзо Турсунзода дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дар байни оламиён маҳбубияти хосса касб кардааст. Устод на танҳо бо корнамоиҳову ашъораш тоҷику Тоҷикистонро муаррифӣ кард, балки пиндору гуфтору кирдораш низ тоҷикона буд ва дар тамоми чорабиниҳову конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ низ тоҷикона рафтор менамуданд. 
Дар конфронс раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ низ сухан ронданд.
Аз ҷониби иштирокдорон фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд. Масалан зикр шуд, ки ҳафтаи охири моҳи апрел ҳамчун «Ҳафтаи Турсунзода» ҳар сол таҷлил гардад. 
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон имсол дар ҳошияи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саду даҳсолагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана таҷлил мешавад. Имрӯзҳо дар саросари кишвар: муассисаву корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои зиёде бахшида ба бузургдошти солгарди ин фарзанди фарзонаи миллатамон доир мегарданд ва пажӯҳишу таҳқиқоти тоза доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ ба нашр мерасанд.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 198
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед