logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

ШИКАСТИ «КӮКТОШ» АЗ «ХУҶАНД»
Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар бозии марказии давр «Хуҷанд» дар майдонаш тими «Кӯктош»-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. 
Қувваозмоӣ миёни дастаҳои «Хатлон» – КМВА мусовӣ (1:1) ба охир расид.  
Натиҷаи ду зӯрозмоии дигар: «Душанбе» – «Равшан» – 4:2,  «Эсхата» –«Истаравшан» – 2:3. 
Ҳамин тавр, пас аз натиҷагирии панҷ давр, дар ҷадвали чемпионат «Хуҷанд» бо 10 хол пешсаф аст. «Файзканд» бо 8 хол дар ҷои дуюм ва «Истаравшан» бо 7 хол дар зинаи сеюм мавқеъ доранд.
 
 
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
ОХИРИН ИМКОНИ ГӮШТИГИРОНИ ТОҶИК БАРОИ РОҲХАТ
Аз 6 то 9 май (София, Булғористон) мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гӯштӣ ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 баргузор мешавад, ки паҳлавонон барои 36 роҳхат мубориза мебаранд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ, дар мусобиқа 474 варзишгар аз 84 давлати дунё ширкат меварзад. Тоҷикистонро бошад, Муҳаммад Икромов (57 кг), Мустафо Ахмедов (65 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (125 кг, ҳама аз намуди гӯштии тарзи озод), Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг), Далер Ризозода (77 кг) ва Суҳроб Абдулғаев (87 кг,  гӯштии юнонӣ-румӣ) намояндагӣ мекунанд.
Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштӣ 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) дар 18 категорияи вазнӣ (тарзи озод - 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва юнонӣ-румӣ - 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳо талош менамоянд.
 
 
«ИНТЕР» –  ЧЕМПИОНИ ИТАЛИЯ  
Дастаи «Интер» зери роҳбарии Антонио Конте бо 82 хол пеш аз муҳлат қаҳрамони Серияи А (2020/21) гардид, - хабар медиҳад сомонаи ин мусобиқот. 
Тими шаҳри Милан пас аз 11 сол маротибаи дигар қаҳрамони Италия шуд, ки, дар маҷмӯъ, барои даста 19 бор мебошад. 
 
«ЗЕНИТ» БОРИ СЕЮМ ПАЙИ ҲАМ ЧЕМПИОНИ РОССИЯ ШУД
Тими «Зенит» пас аз шикаст додани дастаи «Локомотив» бо ҳисоби 6:1 дар даври 28-уми Премейр лигаи Россия бори сеюм пайи ҳам чемпион шуд. Дар умум, ин 7-умин қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад. 
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 340
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед